ДУШАНБЕ, 10 сен — Sputnik. Хизматчиёни ҳарбии пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон, то охири соли 2021 30 танки замонавӣ мегиранд, гуфт сардори ҳайати зирехпуши округи ҳарбии марказӣ Ҳаниф Беглов.
"То охири сол барои иваз кардани мошинҳои ҷангии қаблии баталёни танкии пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон 30 танки муосир меояд", - гуфт Ханиф Беглов дар арафаи Рузи танкчиён.
Иваз кардани танкҳо дар пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон дар пасманзари тезу тунд шудани вазъият дар кишвари ҳамсояи Афғонистон, ки пас аз хуруҷи низомиёни амрикоӣ намояндагони ҳаракати террористии Толибон* сурат мегирад.
"Имрӯз мо баталёни танкии полки мотории тирандозии дивизияи танкиро пурра бо Т-72Б3М-ро муҷаҳҳаз кардем", - илова намуд ӯ.
Хадамоти матбуоти Округи марказии ҳарбӣ, дар навбати худ, тавзеҳ дод, ки , бахши муҳофизати зиреҳӣ дар танкҳои Т-72Б3М тавассути истифодаи василаҳои муосири муҳофизати фаъол ва ғайрифаъол афзоиш ёфтааст.
Гуфта мешавад, танк бо силоҳи дорои баллистикаи такмилёфта ва захираи афзоянда, бо усули муосир муҷаҳҳаз шудааст.
Инчунин, мошинҳои ҷангӣ бо муҳаррики нав ва системаи коммуникатсионии зидди садои "Акведук" муҷаҳҳаз карда шудаанд.
Қаблан низ Русия барои муҷаҳҳазгардонии пойгоҳаш дар Тоҷикистон мошинҳои ҳарҷогард,17 мошини ҷангии пиёдагарди муосир (BMP-2M) ва ҳамзамон яроқҳои дигари пешрафта дода буд.