ДУШАНБЕ, 10 сен – Sputnik. Ҳомид Карзай, раисиҷумҳури пешини Афғонистон бо истиқбол аз эълони ҳукумати сарпарасти Толибон*, мегӯяд, ки ҳама шаҳрвандон, аз ҷумла занон ҳақ доранд, ки дар қудрат иштирок дошта бошанд ва ниёз аст, ки халоҳои ин кобинаро ҳарчи зудтар рафъ кунанд.
Вай рӯзи ахиран бо нашри як баёния гуфт, ки эълони ҳукумати муваққатӣ аз ҷониби Толибон* барои фаъолият ва хидматрасонии ниҳодҳои давлатӣ зарур аст.
Ба гуфтаи оқои Карзай, Афғонистон сохтори иҷтимоии ғанӣ дорад ва ҳар як шаҳрванди ин кишвар, аз ҷумла занон ҳаққи саҳмгир дар қудрат ва хидмат ба мардумро доранд.
Вай бавосита камбудиҳо дар кобинаи муваққатии Толибон*-ро танқид кард ва гуфт, ки ин халоҳои мавҷуда зуд рафъ шавад.
"Зарурат аст, халоҳое, ки дар кобинаи мувақат эълон шуда ба чашм мехурад, ҳарчи зудтар рафъ шавад, то ҳама шаҳрвандон худро дар ҳукумат бубинад ва иттиҳоду иттифоқи комил, барои як Афғонистони обод мураффаҳ ва пешрафти кор кунанд", - афзуд Карзай.
Ёдрас мешавем, ки гкрӯҳи Толибон* рӯзи сешанбеи 16 сентябр ҳайати кобинаи муваққатии худро эълон карданд.
* - гурӯҳи террористие, ки дар қаламрави Русия ва Тоҷикистон мамнӯъ аст