Воридшавии Эрон ба СҲШ маркази нави қудратро ташкил медиҳад

Коршинос шарҳ дод, ки чаро пайвастан ба СҲШ барои Эрон ва дигар кишварҳои узв муҳим аст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 9 сен — Sputnik. Эрон қасд дорад ба Созмони Ҳамкориҳои Шанхай шомил шавад. Ин маълумотро намояндаи махсуси Президенти Федератсияи Русия дар умури СҲШ, сафири махсуси Вазорати корҳои хориҷӣ Бахтиёр Ҳакимов тасдиқ кард.
Сиёсатшинос, раҳбари шӯрои коршиносони Бунёди рушди стратегӣ Игор Шатров дар дар сущба бо радиои Sputnik ин тасмими ҷониби Эронро мантиқӣ хонд.
Эрон дар саммити Душанбе узви нави СҲШ хоҳад шуд
Вай қайд кард, ки эҳсосе вуҷуд дорад, ки СҲШ бозигари нисбатан мураккаби байналмилалиро ба сафи худ қабул мекунад.
Коршинос тавзеҳ дод, ки Русия ва Чин дар ҳоли ҳозир бо Эрон муносибатҳои хеле гарм доранд.
"Ҳоло, ки масъалаи Афғонистон дубора дар рӯзнома пайдо шуд, ба назари ман чунин менамояд, ки тамаркуз дигар хоҳад шуд ва масъалаи Эрон метавонад ба зинаи дуввум гузарад", - илова кард Шатров.
Сиёсатшинос пешниҳод кард, ки Иёлоти Муттаҳида ва Аврупо бинобар таҳдидҳои ҷиддитар дар минтақа, бояд оташи худро нисбати Эрон паст кунанд.
"Марказҳои нави қудрат ташаккул меёбанд ва СҲШ ба чунин як маркази кишварҳои "осиёи Бузург "табдил меёбад. Дар чунин вазъ Эрон бо дастгирии Русия ва Чин мавқеъҳояшро дар арсаи байналмилалӣ тақвият медиҳад, аммо ба ҳеҷ ваҷҳ мавқеъҳои Русия ва Чинро, ки барои ҳама гуна таҳдидҳо бегона нестанд, суст намекунад", - гуфт, коршинос.
Шатров қайд кард, ки ҷалби Эрон ба сифати узви нав ба ҳеҷ ваҷҳ ба СҲШ зарар намерасонад.