Толибон* ва Ҷабҳаи муқовимат дар бораи оташбас мувофиқат кардаанд

Вазъият дар Панҷшер ором боқӣ мемонад, дар давоми 24 соати охир дар бораи задухӯрд байни ҷангҷӯён ва нерӯҳои муқовимат гузориш нашудааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 9 сен — Sputnik. Дар Панҷшер ҷонибҳо ба оташбас розӣ шуданд, хабар медиҳад Afghanistan International бо истинод ба манбаъҳои маҳаллӣ.
Созишнома расмӣ нест. Танҳо маълум аст, ки аз 9 то 12 сентябр оташбаси муваққатӣ эълон шудааст.
Бино ба гузоришҳо, Толибон * ба сокинони маҳаллӣ иҷоза додаанд, ки хонаҳояшонро тарк кунанд ва мурдаҳоро ба хок супоранд.
Ҷабҳаи муқовимати миллӣ: 65% -и Панҷшер дар дасти мост
Дар ҳамин ҳол, Ҷабҳаи муқовимати миллӣ аз фоҷиаи инсонӣ дар ин вилоят хабар медиҳад.
"Ҳазорон нафар ғайринизомиён бо кӯдакон ва оилаҳо аз тарси муҳосираи чандҳафтаина, тарси марг ва асирӣ ба кӯҳҳо гурехтанд, чанд рӯз аст, ки ғизо надоранд", - омадааст дар изҳорот.
Ҷабщаи муқовимат Толибонро* дар ин ҳодиса айбдор карданд, ки ҳама роҳҳоро ба Панҷшер баст.
* Ташкилоти террористӣ дар Русия ва Тоҷикистон мамнӯъ аст.