СААД аз машқҳои нави низомӣ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон хабар дод

СААД дар наздикии марз бо Афғонистон тамринҳои низомӣ мегузаронад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 9 сен — Sputnik. Сардори ситоди муштараки Созмон Анатолий Сидоров гуфт, машқҳои навбатии СААД моҳи октябр дар Тоҷикистон дар наздикии марз бо Афғонистон баргузор мешаванд.
"Ба ғайр аз қувваҳои дастаҷамъии мустақими ҷойгиркунӣ, мо инчунин қувваҳои вокуниши сареъ дорем - ин ҷузъи боз ҳам тавонои Созмони мост. Бо ӯ мо танҳо моҳи октябр дар тамрингоҳҳои Тоҷикистон дар наздикии марз бо Афғонистон машқҳо мегузаронем", - гуфт ӯ.
Дар тамрингоҳи Эделвейс дар соҳили Иссиқкули Қирғизистон марҳилаи фаъоли машқҳои муштараки Нерӯҳои дастаҷамъии густариши фаврии минтақаи Осиёи Марказӣ оид ба амнияти дастаҷамъии СААД "Сарҳад-2021" баргузор шуд.
Ҳангоми машқҳо иштирокчиён амалиёти муштараки зиддитеррористӣ гузаронида, амалан омодагӣ ва гузаронидани амалиёти ҷангиро барои нобуд кардани созмонҳои ғайриқонунии мусаллаҳ, ки ба қаламрави як кишвари шартии СААД ҳуҷум кардаанд, коркард карданд.
Шойгу аз СПАД даъват кард, ки ба ҳуҷуми ҷангиён аз Афғонистон омодагӣ гирад
Дар машқҳои "Сарҳад-2021" нерӯҳо ва гурӯҳҳои амалиётӣ аз Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон ширкат доранд.
Қаблан Созмон дар пайи вазъи номусоид дар марзи Тоҷикистону Афғонистон аз баргузории машқҳо бо ширкати ҳазор низомиён дар Қирғизистон ва Тоҷикистон хабар дода буд.
Қобили зикр аст, ки машқҳои низомии Қувваҳои Мусаллаҳи Русия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон моҳи август дар машқгоҳи Ҳарбмайдон, дар 20 километрии марзи Тоҷикистон бо Афғонистон баргузор шуд.