ДУШАНБЕ, 9 сен — Sputnik. Хуруҷи амрикоиҳо аз кишвар боиси буҳрони нав шуд ва маълум нест, ки ин ба амнияти минтақавӣ ва ҷаҳонӣ чӣ гуна таъсир мерасонад, гуфт президенти Русия Владимир Путин дар нишасти БРИКС.
"Хуруҷи Иёлоти Муттаҳида ва муттаҳидонаш аз Афғонистон боиси буҳрони нав шуд ва маълум нест, ки ин ба амнияти минтақаӣ ва ҷаҳонӣ чӣ таъсир хоҳад гузошт", - гуфт раҳбари Русия.
Ба қавли Путин, бунбасти Афғонистон натиҷаи бевоситаи сиёсати бемасъулиятона аст, ки натиҷаҳои он тамоми ҷомеаи ҷаҳониро халалдор мекунад.
Ба гуфти кишвардори Русия, комилан одилона аст, ки кишварҳои иттиҳод (Бразилия, Русия, Ҳиндустон, Чин ва Африқои Ҷанубӣ) ба ин масъала таваҷҷуҳи хоса зоҳир мекунанд.
Миёнаҳои моҳи август ҷангҷӯёни ҷунбиши радикалии Толибон* (мамнӯъ дар Русия ва Тоҷикистон) Кобулро забт карданд.
Ашраф Ғанӣ ҷумҳуриро тарк кард. Ва ду рӯз пеш, раҳбарияти Толибон* ҳайати ҳукумати муваққатиро эълон кард.