ДУШАНБЕ, 9 сен – Sputnik. Дар пойтахти Ӯзбекистон анҷумани навбатии Ҳизби либерал -демократии Ӯзбекистон баргузор шуд, хабар медиҳад Sputnik Ӯзбекистон.
Бо қарори якдилонаи вакилони ин ҳизб Шавкат Мирзиёев номзад ба мақоми президенти кишвар тасдиқ шуд.
Сарвари феълии кишвар дар суханронии худ як барномаи муфассали амалиро пешкаш кард, ки тамоми соҳаҳои ҷомеаро дар бар мегирад ва на танҳо ба ислоҳоти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дахл дорад, балки биниши муносибатҳои байналмилалиро инъикос мекунад.
Дар ҷараёни анҷуман намояндагони ҳизб аз раҳбари худ изҳори пуштибонӣ карданд ва номзадии ӯро барои ширкат дар интихоботи президентӣ тасдиқ намуданд.
Интихоботи президентии Ӯзбекистон 24 октябр баргузор мешавад.
Дар маҷмӯъ, панҷ нафар аз намояндагони аҳзоби сиёсии сабтиномшуда дар кишвар барои курсии президентӣ рақобат хоҳанд кард.