Муроҷиати Солеҳ Регистонӣ, фармондеҳи Ҷабҳаи Муқовимат ба мардуми Афғонистон - навор

Фармондеҳ Солеҳ Муҳаммад Регистонӣ дар як паёми видеоӣ гуфт, бо воридшавии Толибон* ба Панҷшер ҷанг тамом нашудааст, балки тоза оғоз ёфтааст. Вай афзуд, Толибон* бояд мунтазири қиёми саросарӣ дар Афғонистон бошанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 9 сен – Sputnik. Солеҳ Муҳаммади Регистонӣ, фармондеҳи низомии Ҷабҳаи Муқовимати миллии Афғонистон дар як муроҷиати видеоии худ изҳор дошт, ки муқовимат дар Афғонистон идома дорад.
Ин навор тариқи шабакаҳои Муқовимат дар ихтиёри Sputnik Тоҷикистон қарор гирифт.
Дар ин навор Солеҳ Муҳаммади Регистонӣ мегӯяд, ки Толибон* як гурӯҳи мутаассиб, ситамгар ва мутаҷовиз аст, ки бар амнтарин вилояти Афғонистон яъне Панҷшер таҷовуз кардааст ва имрӯз фазои ваҳшат ва бераҳмиро дар ин вилоят мусаллат сохтааст.

“Имрӯз Панҷшер қалби Афғонистон аст ва ба намояндагӣ аз Афғонистон ва орзуҳои мардуми ин кишвар, ки иборат аз сулҳ ва як ҳукумати одил аст, дифоъ мекунад. Ба Толибон* ва ҳама касоне, ки тарафдори онҳо ҳастанд бигуям, ки бо ворид шудани Толибон* ба Панҷшер ба ҳеҷ сурат ба маънои поёни ҷанг нест, балки ин оғози ҷанг аст”, - гуфт Регистонӣ.

Инчунин, Регистонӣ аз ҷомеаи ҷаҳонӣ хоҳиш кардааст, ки ба ҳеҷ ваҷҳ Толибонро* ба расмият нашиносанд.
Вай илова кард, ки муқовимат идома дорад ва то замоне, ки ҳамаи фарзандони ин кишвар зинда ҳастанд идома хоҳад ёфт.
"Ман ба зудӣ як қиёми умумиро дар сартосари Афғонистон бар алайҳи Толибон* эълон мекунам. Аз ин тариқ мехоҳам ба тамоми мардуми Афғонистон, муҷоҳидон ва муқовиматгароне, ки дар ҳар гушаи кишварамон ҳастанд бигуям, ки барои як қиёми умумӣ дар сартосари кишвар омода бошанд. Ман таърихи ин қиёмро тавассути ҳамин расонаҳо эълом хоҳам кард".
Ҳамчунин, бояд гуфт, ки дар ин навори кӯтоҳе, ки нашр шудааст аз тарафи чапу рости Солеҳ Муҳаммади Регистонӣ фармондеҳони дигари маъруфи Ҷабҳаи Муқовимат ба монанди Ҳамид Сайфӣ, Мунир Амир, Холид Амирӣ, Ҷаландар Воҳид маъруф ба Бобоҷаландар, Ғани Туғрал маъруф ба Ғанӣ Андароб дида мешаванд.
Ҳамид Сайфӣ, Мунир Амир ва Холид Амирӣ собиқ фармондеҳони нерӯҳои хос ё Командои артиши Афғонистон буданд, ки бо нафарони хеш ба Ҷабҳаи Муқовимат пайвастанд.
Бино ба иттилое, ки аз Ҷабҳа ба дасти Sputnik Тоҷикистон расидааст, теъдоди сарбозни урдуи миллӣ, ки дар Панҷшер паноҳ бурдаанд ҳудуди 5 ҳазор нафар тахмин зада мешаванд.
Ҳоло нерӯҳои Ҷабҳаи Муқовимат дар дарраҳои фаръии вилояти Панҷшер паноҳ бурдаанд ва ҷабҳа хабар додааст, ки ҳудуди 65 дарсади вилояти Панҷшерро таҳти назорати худ қарор доранд.
* - созмони террористие, ки дар қаламрави Тоҷикистону Русия мамнӯъ аст