Ҷабборов ба тақвияти дӯстии Тоҷикистону Қирғизистон бовар дорад

Президенти Қирғизистон ба унвони раисиҷумҳури Тоҷикистон номаи шодбошӣ фиристоду ба таҳкими дӯстии ду кишвар изҳори боварӣ кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 9 сен – Sputnik. Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов кишвардор ва мардуми Тоҷикистонро бо Рӯзи истиқлоли давлатӣ табрик гуфт, хабар медиҳад хадамоти матбуотии раисиҷумҳури Тоҷикистон.
Дар номаи Ҷабборов омадааст, ки Тоҷикистон тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ зимни татбиқи ислоҳоти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дар роҳи бунёди давлати соҳибихтиёр ва мустақил ба пешрафтҳои назаррас ноил гардидааст.
Мирзиёев Раҳмон ва мардуми Тоҷикистонро бо Истиқлолият табрик гуфт
Кишвардори Қирғизистон изҳори умедворӣ карҳдааст, ки Тоҷикистон таҳти роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон, роҳи рушди устуворро ба мақсади таъмини ҳаёти осоиштаи мардум ва давлат идома хоҳад дод.
"Бовар дорам, ки муносибатҳои дӯстӣ ва хуби ҳамсоягӣ миёни ду кишвар дар оянда низ ба нафъи шукуфоии Қирғизистон ва Тоҷикистон тақвият хоҳанд ёфт", - омадааст дар номаи табрикотӣ.
Ҳамчунин Содир Ҷабборов ба Эмомалӣ Раҳмон сиҳатмандӣ ва комёбӣ ва ба мардуми Тоҷикистон сулҳу осоиш таманно кардааст.
Байден, Макрон, Си Ҷинпин: боз кадом роҳбарон Раҳмонро ба Истиқлолият табрик гуфтанд