Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?

Эрдуғон мавқеъи Раҳмонро дар баробари Афғонистон дастгирӣ кард

Президент Турции Реджеп Эрдоган
Туркия ҳам мехоҳад, ки ҳукумати Афғонистон фарогир бошад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 9 сен – Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо кишвардори Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон телефонӣ суҳбат кард, хабар медиҳад хадамоти матбуотии президенти Тоҷикистон.
Гуфта мешавад, ки дар рафти суҳбат кишвардори Туркия Президент ва мардуми Тоҷикистонро ба муносибати – 30-солагии истиқлолият табрик гуфт.
Дар ин суҳбат масъалаҳои муҳими вобаста ба густариши минбаъдаи ҳамкориҳои гуногунҷанба миёни Тоҷикистон ва Туркия, аз ҷумла дар соҳаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, фарҳангию башарӣ, таъмини амният ва муборизаи муштарак бо таҳдиду ҷолишҳои ҷаҳонӣ баррасӣ шудааст.
Глава МИД Турции Мевлют Чавушоглу, архивное фото
Вазири Туркия гуфт, дар эътирофи ҳукумати Толибон* шитоб намекунанд
Сиёсатмадорон ба равандҳои изтиробангези рушди авзоъ дар Афғонистон таваҷҷуҳи хос зоҳир намудаанд.
"Президентҳо ҳамсон ё наздик будани мавқеи Тоҷикистон ва Туркияро нисбати масъалаҳои мубрами он таъкид карда, дар кишвар таъсис додани як ҳукумати фарогирро бо ширкати намояндагони ҳамаи қавмҳои сокини он амри зарурӣ донистаанд ва ба зарурати расонидани кумаки гуманитарӣ ба мардуми Афғонистон ишора кардаанд", - омадааст дар хабарнома.
Ҳамчунин, президентҳо дигар масъалаҳои мубрами байналмилалӣ ва минтақавиро муҳокима кардаанд.
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Ба Раҳмон гуфтанд - "Афғонистон мушкили шумост" - видео
Кишвардорон ба мувофиқа расиданд, ки Президенти Туркия ба қадри ба эътидол омадани вазъи вобаста ба ҳамагирии КОВИД-19 дар аввалин фурсати муносиб бо сафари расмӣ ба ба Тоҷикистон меояд.
Сафари қарибулвуқӯи Раҷаб Тайиб Эрдуғон ба Тоҷикистон