Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?

Вокуниши Иттиҳодияи Аврупо ба ташкили давлати ҷидиди Толибон

Иттиҳодияи Аврупо мегӯяд, ки давлати ҷадиди Афғонистон на ҳамашумул аст ва на аз ҳамаи мардум намояндагӣ мекунад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 8 сен – Sputnik. Иттиҳодияи Аврупо ҳукумати нави Афғонистонро аз назари мазҳабӣ ё миллӣ фарогир намедонад, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.
Манбаъ қайд кардааст, ки дар ин бора дар изҳороте, ки рӯзи чаҳоршанбе намояндаи Хадамоти сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо нашр намудааст, гуфта шудааст.
"Таҷзия ва таҳлили интисоботи эълоншуда нишон медиҳад, ки ин як сохтори фарогир ва намоянда ба назар намерасад, ки нишондиҳандаи танаввуъи ғании қавмӣ ва мазҳабии Афғонистон бошад, ки мо умедвор будем онро бибинем", - омадааст дар изҳорот.
Сафири Афғонистон ҳукумати Толибонро* ғайриқонунӣ хонд
Қаблан, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо Ҷозеф Боррелл гуфта буд, ки Толибонро* бар асоси тааҳҳуди ташкили як давлати фарогир ва ҳамчунин мизбонӣ аз террористҳо қазоват хоҳем кард.
* - созмони террористӣ, ки дар қаламрави Русия ва Тоҷикистон мамнӯъ аст