Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?

Ба Раҳмон гуфтанд - "Афғонистон мушкили шумост" - видео

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон зимни суханронӣ ба истиқболи солгарди истиқлолияти кишвар дар мавриди буҳрони Афғонистон сухан гуфт
Sputnik
ДУШАНБЕ, 8 сен — Sputnik. Президенди Тоҷикистон гуфт сабаби асоси ҷанги беш аз 40-солаи Афғонистон, дахолати кишварҳои бегона аст ва имрӯз ҳам ин кор идома дорад.
Эмомалӣ Раҳмон гуфт, борҳо аз минбарҳои баланди созмонҳои ҷаҳонӣ мушкили Афғонистонро пеш гузоштааст, вале иқдоме аз тарафи онҳо гирифта нашудааст ва аз бӯҳрони ин давлати ҳамсоя пешгирӣ нашудааст.
Кишвардор аз суҳбаташ бо як сиёсатмадори кишвари демократию мутараққии ҷаҳон ёдовар шуд, ки гуфтааст, Афғонистон мушкили онҳо нест.

"Муҳтарам президент, проблемаи Афғонистон ин мушкили шумо. Ин мушкили минтақаи шумо. Барои мо мушкилоти кишварҳои Аврупо басанда аст", - гуфтааст сиёсатмадор ба Раҳмон.

Эмомалӣ Раҳмон гуфт, танҳо пас аз ҳодисаи моҳи сентябр, ҷомеаи ҷаҳонӣ ба мушкили Афғонистон каме таваҷҷуҳ кард.
Раисиҷумҳур аз бетаваҷуҳии кунунии созмонҳои ҷаҳонӣ изҳори нигаронӣ кард. Ӯ гуфт, куҷоянд имрӯз созмонҳое, ки аз ҳифзи ҳуқуқи башар мегӯянд, дар ҳоле, ки дар Афғонистон занону рӯзноманигорон саркӯб мешаванд.
Намояндаи Афғонистон дар СММ аз ҳукумати нави Толибон* интиқод кард
Кишвардор аз ҷомеаи ҷаҳон даъват кард, ки ба ин кишвар ёриҳои башардӯстона ирсол кунанд, аммо дар айни ҳол қайд кард, ки вазъ дар давраи тирамоҳ ва зимистон мураккаб хоҳад шуд, зеро танҳо кумакҳои воридшаванда басанда нестанд.