Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?

Покистон ба Толибон* барои забти Панҷшер кумак кард: расонаҳо

Пакистанский истребитель F-16, архивное фото
Рӯзноманигорони ҳиндӣ Покистонро дар кумак ба Толибон* айбдор мекунанд, аммо расонаҳои ин кишвар чунин гузоришро бепоя мехонанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 8 сен — Sputnik. Нерӯҳои Ҳавоии Покистон ба Толибон* барои вуруд ба Панҷшер кумак карданд. Дар ин бора Daily Pioneer менависад.
Нашрияи Ҳиндустон бо такя ба манбаъҳои худ қайд мекунад, ки Покистон ба ҷангиён се халабон ва 4 ҳавопаймои бесарнишини JF-7 барои бомбаборони водии Панҷшер додааст.
Нерӯҳои ҳавоии кишвари ҳамсоя 20 маротиба ба ҳаво бархостанд, таъкид мекунад Daily Pioneer.
Ҳамчунин, нерӯҳои гурӯҳи вижа ва низомиёни корпуси XI артиши Покистон ба ин амалиёт ҳамроҳ шудаанд.
Движение афганского сопротивления на страже в провинции Панджшер
Фаҳими Даштӣ ва ҷияни Аҳмадшоҳи Масъудро кӣ кушт: “Толибон” ё бесарнишинҳои Покистон?
Нашрияи покистонии Dawn ин изҳороти расонаҳои Ҳиндустонро дурӯғин номидааст.
Дар акс, ки гӯё ҳавопаймои сарнагуншудаи Нерӯҳои Ҳавоии Покистон нишон дода мешавад, нишасти изтирории як F-16 дар соли 2018 дар ИМА нишон дода шудааст.
Dawn ишора мекунад, ки сабтҳои ҳамлаи бесарнишин дар Панҷшер аз бозии компютерии Arma ва парвози F-15 дар Уэлс мебошанд.
Қаблан намояндагони Ҷабҳаи Муқовимати Миллӣ Покистонро ба куштори Фоҳим Даштӣ айбдор карданд.
Афганское движение сопротивления и силы противодействия талибам отдыхают во время патрулирования на вершине холма в районе Дарбанд в районе Анаба, провинция Панджшер
Коршиноси низомӣ гуфт, Афғонистонро дар ҳоли шикасти Панҷшер чӣ интизор аст
Ба гуфти онҳо, сухангӯи Ҷабҳа дар натиҷаи зарбаи нерӯҳои ҳавоӣ дар минтақаи Унабаи Панҷшер кушта шудааст.
Дар автомобиле, ки Даштӣ ва генерал Абдул Вудод савори он буданд, эҳтимолан аз ҳавопаймои бидуни сарнишини Покистон мушак равона шуда буд.
Ҷабҳаи муқовимати миллӣ қайд кард, ки макони котиби матбуотро мешуд тавассути телефони мобилии ӯ дарёфт.
*ташкилоти террористӣ дар Русия ва Тоҷикистон мамнӯъ аст.