Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?

Нигаронии Эрон аз ҳукумати нави Толибон* дар Афғонистон

Алии Шамхонӣ, дабири Шӯрои олии амнияти миллии Эрон дар паёми Твиттери худ бар зарурати эҷоди ҳукумати фарогир дар Афғонистон таъкид карда ва мудохилаи хориҷӣ ва истифодаи василаҳои низомӣ ба ҷои гуфтугуро аз ҷумлаи нигарониҳои асосии мардуми Афғонистон номид
Sputnik
ДУШАНБЕ, 8 сен – Sputnik. Алӣ Шамхонӣ гуфтааст: "авлавияти аввали Афғонистон субот ва оромӣ аст. Бе таваҷҷуҳи ба зарурати эҷоди ҳукумати фарогир, мудохилаи хориҷӣ ва истифода аз васоили низомӣ ба ҷои гуфтугӯ барои посухгӯӣ ба мутолиботи ақвом ва гурӯҳҳои иҷтимоӣ, нигарониҳои аслии дӯстон мардуми Афғонистон аст".
Дар даҳ рӯзи аввали моҳи август Толибон ҳамлаҳои худро ба нерӯҳои ҳукуматӣ дар Афғонистон шиддат бахшиданд. Ягона минтақае, ки таҳти назорати Толибон набуд, вилояти Панҷшер буд, ки аз лиҳози масоҳат ва аҳолӣ яке аз хурдтарин минтақаҳои ин кишвар ба ҳисоб меравад.
Санаи 15 август ҷангҷӯёни Толибон* вориди пойтахти Афғонистон шуданд ва қасри раёсати ҷумҳуриро ишғол карданд.
Эмомалӣ Раҳмон аз куштору саркӯби занону рӯзноманигорон дар Афғонистон гуфт - видео
Шаби 16 август Муҳаммад Наим, намояндаи бахши сиёсии Толибон* гуфт, ки ҷанг дар Афғонистон ба поён расидааст ва дар ояндаи наздик шакли идоракунии кишвар мушаххас хоҳад шуд.
Ахиран ҳамлаҳои Толибон* ба Панҷшер, такягоҳи ҷунбиши муқовимат дар Афғонистон, шиддат гирифтааст.
* - созмони террористӣ, ки дар қаламрави Тоҷикистону Русия мамнӯъ аст