Марги фоҷиабори раҳбари МЧС Русия Евгений Зиничев дар Норилск

Вазири ҳолатҳои фавқулоддаи Русия Евгений Зиничев ҳангоми тамринот дар Норилск зимни наҷоти одам фоҷиабор ҳалок шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 8 сен — Sputnik. Раҳбари Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Русия Евгений Зиничев зимни машқ дар Норилск ба ҳалокат расид. Вазири ҳолатҳои фавқулоддаи Федератсияи Русия ҳамагӣ 55 сол дошт.
Бино ба гузоришҳои расонаҳои маҳаллӣ, ӯ аз баландӣ сарозер шудааст. Хадамоти матбуотии вазорати ҳолатҳои фавқулода аллакай ин хабарро расман тасдиқ кардааст.
"Бо андӯҳи гарон хабар диҳем, ки сардори Вазорати ҳолатҳои фавқулодда Евгений Зиничев ҳангоми иҷрои вазифа дар машқи байниидоравӣ дар Норилск барои ҳифзи минтақаи Арктика зимни наҷоти ҷони одам ба ҳалокат расид", - омадааст дар изҳорот.
Ба президенти Русия Владимир Путин аллакай дар бораи марги сардори Вазорати ҳолатҳои фавқулодда хабар дода шудааст.
Маълум аст, ки як рӯз пеш Зиничев дар минтақаи Арктика машқҳои калони таҷрибавии тадқиқотиро ифтитоҳ кард.
Дар шароити Арктика, дар дохили об ва рӯи замин, тақрибан шаш ҳазор мутахассисон 12 сенарияи рафъи ҳолатҳои фавқулоддаро тамринкарда истодаанд. Дар байни онҳо сардори вазорати ҳолатҳои фавқулодда низ буд.
Даргузашти Жан-Пол Белмандо, ҳунарпешаи шинохтаи сатҳи ҷаҳонӣ
"Вай ва оператор дар канори баландӣ истода буданд. Оператор лағжида ба об афтод. Шоҳидони кофӣ буданд-ҳеҷ кас ҳатто пай набурд, ки чӣ гап шуд. Зиничев барои наҷоти ҷони ӯ ба об андохт, вале ба санг бархӯрд", - навиштааст сармуҳаррири RT Маргарита Симонян дар саҳифааш дар Telegram.
Субҳи 8 сентябр хадамоти матбуоти Вазорати ҳолатҳои фавқулодда хабар дод, ки дар доираи сафари корӣ ба қаламрави Красноярск Зиничев ҳамроҳ бо губернатори вилоят Александр Усс бо рафти сохтмони истгоҳи нави оташнишонӣ дар Норилск ошно шуданд.

Ҳолномаи Евгений Зиничев

Евгений Зиничев 18 августи соли 1966 дар Ленинград таваллуд шудааст.
Моҳи майи соли 2018 Зиничев сардори Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Русия шуд. Дар ҳамон сол вай узви Шӯрои амният шуд.
Аз соли 1987 Зиничев дар КГБ -и Шӯравӣ хидмат мекард ва пас аз пош хӯрдани ИҶШС корашро дар Хадамоти федеролии амният идома дод, муовини директори ФСБ буд.
Зиничев аз соли 2006 то 2015 ёрдамчии шахсии Путин буд ва пас аз он сардори Раёсати ФСБ дар вилояти Калининград шуду ҳамчунин дар вазифаи иҷрокунандаи вазифаи ҳокими вилоят хидмат кард.