ДУШАНБЕ, 8 сен - Sputnik. Дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон хабар медиҳад, ки ба унвони Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури кишвар ирсоли барқияҳои табрикотӣ аз раҳбарони ҷаҳон ба муносибати Рӯзи Истиқлолият идома дорад.
Владимир Путин, раисҷумҳури Русия ва Шавкат Мирзиёев, роҳбари Ӯзбекистон яке аз аввалинҳо шуда Раҳмонро табрик карданд.
Илова бар ин, барқияи табрикотӣ аз роҳбари Чин Си Ҷинпин расид, ки ӯ дар барқияаш мардуми Тоҷикистонро ба муносибати 30 -умин солгарди истиқлолияти кишвар табрик намдуааст ва орзуи самимии худро ба мардум изҳор доштааст.
Ҷозеф Байден, раисҷумҳури Амрико низ дар арафаи ҷашни истиқлолияти миллӣ аз номи мардуми Иёлоти Муттаҳида сокинони ҷумҳуриро бо ин рӯзи муҳим барои кишвар табрик гуфт.
Президенти Туркманистон Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов ба табрикот низ ҳамроҳ шудааст. Вай саъю кӯшиш ва омодагии худро ба рушди минбаъдаи дӯстӣ ва ҳамкорӣ миёни мардумони туркману тоҷик иброз доштааст.
Роҳбари Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев ва нахустин президенти ин кишвар Элбаси Нурсултон Назарбоев низ ба Раҳмон барқияи табрикотӣ равон карданд ва дар он аз фаъолияти пурмасъулияти Эмомалӣ Раҳмон ишора карда, ба мардуми Тоҷикистон "шукуфоӣ ва пешрафт" таманно карданд.
Илова бар ин, барқияҳои табрикотӣ аз ҷониби руасои ҷумҳури Эрон Сайид Иброҳим Раисӣ, Беларус Александр Лукашенко, президенти Фаронса Эммануэл Макрон, нахуствазири Ҳиндустон Нарендра Модӣ ва раисҷумҳури Покистон доктор Ориф Алвӣ фиристода шуданд.
Ҳамчунин Тоҷикистонро ба Рӯзи Истиқлолият подшоҳи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Салмон ибни Абдулазиз ал –Сауд, табрик кардааст