Мотам дар Суғд: Юсуфҷон Бобоҷонов, ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон даргузашт

Юсуфҷон Бобоҷонов ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон ва устоди факултети санъати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров даргузашт
Sputnik
ДУШАНБЕ, 8 сен – Sputnik. Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Юсуфҷон Бобоҷонов дар паи беморӣ дар синни 70 – солагӣ аз олам чашм пӯшид.
Дадоҷон Рустамов, мудири кафедраи факултаи санъати Донишгоҳи Хуҷанд дар таъйиди ин хабар ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки Бобоҷонов чанд вақт ба ин тараф аз бемории қанд ранҷ мекашид, вале субҳи 8 сентябр, ҷон ба Ҷонофарин супурд.
"Ҳамин ҳоло хабар доданд, ки устод Бобоҷонов дар хонаашон бандагӣ кардаанд. Маросими ҷаноза баъд аз намози пешин (зуҳри имрӯз) дар масҷиди “Чорсу”-и ҷамоати Ғозиён баргузор мешавад", - гуфт Рустамов.
Юсуфҷон Бобоҷонов 20 октябри соли 1951 дар деҳаи Ғозиёни ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст.
Ӯ аз доиранавозони маъруфи Хуҷанд буд, ба ривояти худаш ин ҳунарро аз Абдураҳим Неъматов ҳунарманди мардумии Тоҷикистон аз худ намудааст.
Дар навбати худ, ӯ санъати доиранавозиро ба даҳҳо нафар ҷавонон омӯзонидааст.
Даргузашти пизишк - пастор Бегалиев, падари овозхони ҷавону шинохтаи тоҷик - акс
Соли 1978 Бобоҷонов, ансанбли доирадастони ҷавонро дар Хуҷанд ташкил намуд, ки дар замони иттифоқи шӯравӣ нахустин шумурда мешуд.
Он замон нақши он бағоят бузург буд ва баргузории фестивалҳои фарҳангии умумииттифоқӣ ин ансаблро даъват мекарданд.
Баъдан ба ин монанд ансабл дар кишвари Ӯзбекистон ташкил карда шуд. Бобоҷонов дастпарвари Институти санъати ба номи Мирзо Турсунзода буда, дар Академияи мусиқии Хуҷанд кор кардааст. Академияе, ки баъдтар заминаи ташкили факултаи санъат дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд гардидааст.
Бо унвони ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон сарфароз гардонида шудааст.
Аз соли 1993, то ин вақт тӯли бештар аз 25 сол ба шогирдони донишгоҳ дар бораи вижагиҳои санъати мусиқӣ ба вижа доиранавозӣ дарс гуфтааст.