Вокуниши духтари Аҳмадшоҳ Масъуд ба тахриби мақбараи падараш

Марям Масъуд, духтари Аҳмадшоҳ навиштааст, ки нафарони зиёд баро ӯ акси тахрибшудаи мақбараи падараш - қаҳрамони миллӣро равон карданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 7 сен — Sputnik. Марям Масъуд, духтари Аҳмадшоҳ Масъуд дар вокуниш ба тахриби мақбараи қаҳрамони миллӣ дар саҳифаи Твиттериаш навиштааст, ки нафарони зиёде барои ӯ аксҳои мақбараи тахрибшударо равон карданд.
“Дустони азиз, Шумо ҷигархуни як шишаи шикаста набошед ҷавонҳои мо дар Панҷшер доранд пар пар мешаванд! Баракс ин бояд хуни шуморо бештар ба ҷуш биёрад. Силоҳатонро ба даст бгиред, садоятонро баландтар кунед, дасти ин тавр мутаҷовизҳоро аз Ватан қатъ кунед”, - навиштааст Марям.
Марям Аҳмадшоҳи Масъуд аз хомӯшии мардони Кобул, Ҳирот ва Нимрӯз дар ҳаводиси Панҷшер шикоят кард ва дар саҳифаи Твиттераш навишт: “Мардони Кобул, Ҳирот ва Нимрӯз! Ғайрати шумо куҷост?! Чаро канори занон, шумо ҳам шиори озодиро намедиҳен?! Агар силоҳ надорен садо ки дорен?”.
Ёдрас мешавем, ки чанде пеш нерӯҳои Толибон* мақбараи қаҳрамони миллии Афғонистон Шаҳид Аҳмадшоҳи Масъудро қисман хароб кардаанд.
* - созмони террористӣ, ки дар қаламрави РУсия ва Тоҷикистон мамнӯъ аст.