ДУШАНБЕ, 7 сен – Sputnik. Раъно Ниёзова, сартабиби Дармонгоҳи шаҳрии № 5 - и Хуҷанд баъди се моҳи кор дар ин мақом барканор гардид.
Манобеъ аз Дармонгоҳи № 5 - и Хуҷанд дар таъйиди ин хабар ба Sputnik Тоҷикистон гуфтанд, ки айни ҳол вазифаи сартабибро Мусаббеҳ Бобоҷонова иҷро карда истодааст.
Раъно Ниёзова моҳи июни соли ҷорӣ ба ин мақом ба ҷойи Музаффар Наҷимов таъйин шуда буд.
Ӯ қаблан дар як дармонгоҳи шаҳри Бӯстон минҳайси духтури асабшинос кор мекард. Зимнан сабаби зуд аз вазифа барканор шудани ӯро масъулин расман шарҳ надодаанд.
Аммо қабалн дар додситонии шаҳри Хуҷанд зимни баргузории ҷаласаи кормандони соҳаи тиб, фаъолияти роҳбарии Ниёзова мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Аз ҷумла таъкид шуда буд, ки табибони дармонгоҳ аз шеваи муносибати сартабиб изҳори нигаронӣ намудаанд.
Манобеъ мегӯянд, то замони барканории Ниёзова, кормандони мақомоти прокуратура фаъолияти роҳбарии ӯро мавриди санҷиш қарор додаанд.
Назари худи Ниёзова феълан дар марвиди далоили барканорияш дастрас нест.