ДУШАНБЕ, 7 сен - Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо раисиҷумҳури Чин Си Ҷинпин телефонӣ суҳбат кард, хабар медиҳад хадамоти матбуотии президенти Тоҷикистон.
Тибқи гузориши котиботи раисиҷумҳур, раиси Чин ҳамтояш ва мардуми Тоҷикистонро бо 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатӣ муборакбод гуфтаасту Раҳмон барои ваксинаҳои сохти чинӣ алайҳи COVID - 19 изҳори сипос кардааст.
Дар ин суҳбат аз ҷумла масъалаҳои рушди минбаъдаи робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва тавсеаи робитаҳои фарҳангию гуманитарӣ, инчунин таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи амният баррасӣ гардидаанд. Натиҷаҳои амалии татбиқи лоиҳаҳои муҳими инфрасохтор бо қаноатмандӣ зикр карда шуданд.
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Чин доир ба рушди вазъ дар минтақа дар заминаи шиддат ёфтани авзои низомию сиёсӣ дар Афғонистон табодули назар кардаанд.
"Ҷонибҳо аҳамияти ҳамкории минбаъдаи зичро дар масъалаҳои таъмини амният ва суботи минтақавӣ таъкид карданд", - омадааст дар хабарнома.
Ҳангоми баррасии муносибатҳои бисёрҷониба сиёсатмадорон ба раёсати кунунии Тоҷикистон дар СҲШ ва Саммити қарибулвуқӯи Созмон дар шаҳри Душанбе таваҷҷуҳ кардаанд.
Си Ҷинпин нақши Раҳмонро ҳамчун яке аз муассисони СҲШ дар таъсис, рушду густариш ва таҳкими эътибори он ба таври хоса таъкид кардааст.
Дар поёни суҳбат сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Чин мавқеи муштараки худро барои густариши ҳамаҷонибаи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамсоягии неки Тоҷикистон ва Чин дар ҳама шаклҳо тасдиқ намудаанд.