Омодагии Покистон барои ҳамкорӣ бо Русия дар мавриди Афғонистон

Сафири Покистон дар Маскав мегӯяд, ки кишвараш дар сурати лузуми кор сервисҳои вижа бо Русияро дар мавриди Афғонистон ташдид хоҳад кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 7 сен — Sputnik. Шафқат Алӣ Хон, сафири Покистон дар Русия дар мусоҳибае изҳор доштааст, ки Исломобод ва Маскав ҳамкориҳои ҳамоҳангро дар ростои вазъият дар Афғонистон дар чаҳорчӯбаи "сегона" -и густарда иҷод кардаанд ва сурати лузум тарафайн метавонанд тамосҳои сервисҳои вижаро низ ташдид кунанд.
"Мо бо Русия ҳамкориҳои олӣ ва муносибатҳои хеле хуб дорем, ки аз лиҳози манфиатҳои умумӣ ба ҳам мувофиқанд. Ин амр ба лутфи таҳвили мусбат равобити дуҷонибаи мо дар даҳаҳои гузашта рух додааст. Мо нишон додем, ки мо метавонем ҳамкории худро ҳамоҳанг созем", - гуфт сафири Покистон дар Маскав.
Вай афзуд, ки ҳамчунин тавассути хадамотҳои махсус муколамаи хеле хуб ба роҳ монда шудааст.
“Мо каналҳои муоширати мустақим таъсис додем. Ин алоқаҳои сермаҳсул инкишоф меёбанд. Дар сурати ниёз ин тамосҳо ва мушорикат ба таври табии ташдид хоҳад шуд", - гуфт дипломати покистонӣ.
Ахиран нахуствазири Покистон дар музокирот бо мақомоти баландпояи Арабистони Саудӣ ва Имороти Муттаҳидаи Араб равобити дуҷониба ва вазъи Афғонистонро баррасӣ кард.
Нахустин дидори расмии Толибон* ва намояндагони Чин дар Кобул
Сухаил Шоҳин, сухангӯи Толибон* дар Қатар, гуфт, як ҳайати ин ҷунбиш ва як ҳайати мақомти Покистон дар Доҳа бозсозии Афғонистон, кумакҳои башардӯстона ва равобити дуҷонибаро баррасӣ карданд.
Илова бар ин, як ҳайати мақомоти Покистон таҳти роҳбарии Файёз Ҳамид, раиси хадамоти иктишофии Покистон, ахиран ба Кобул сафар карда, бо Толибон* дар мавриди муносибатҳои ояндаи ду кишварро гуфтугӯ кард.
Дар миёнаҳои моҳи август Толибон* дар тӯли даҳ рӯз тамоми Афғонистонро ба истиснои вилояти Панҷшер таҳти назорат гирифтанд, ки ба марҳилаи ниҳоии хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон рост омад.
* - созмонит террористие, ки дар қаламрави Тоҷикистон ва Русия мамнӯъ аст