ДУШАНБЕ, 7 сен — Sputnik. Бино ба гузориши маҳаллии Herat Times, шаби 7 сентябр дар чанд шаҳри Афғонистон намоишҳои оммавӣ ба ҷонибдории нерӯҳои муқовимати миллӣ дар вилояти Панҷшери шимоли Афғонистон баргузор шуданд.
Ба ин тартиб, сокинони шаҳрҳо бо муқовиматгарон, ки ба ҳаракати террористии Толибон*, ки қудратро дар кишвар забт карда буд, итоат накарданд, изҳори ҳамбастагӣ карданд.
Хабар дода мешавад, ки афғонҳо дар Кобул даъвати раҳбари муқовимат Аҳмад Масъудро бар алайҳи Толибон, инчунин зидди сиёсати мақомоти Покистон, ки бо радикалҳо ҳамкорӣ мекунанд, дастгирӣ карданд.
Илова бар ин, эътирозҳои мардумӣ дар музофоти марказии Дойкундӣ, инчунин дар шаҳрҳои Ғазнӣ ва Ҳирот дар шарқ ва шимолу ғарби Афғонистон баргузор шуданд.
Бино ба иттилои як расонаи дигари Афғонистон, Афғонистон Таймс, раҳпаймоии оммавӣ дар чаҳорумин шаҳри бузурги ин кишвар - Мазори Шариф, воқеъ дар шимоли кишвар баргузор шуд.
Тазоҳуркунандагон алайҳи Толибон*, Покистон шиорҳо заданд ва шиори "Зинда бод Аҳмад Масъуд!"- ро такрор мекарданд.
Ҳамзамон маълум аст, ки собиқ сардори Раёсати Амнияти Миллии Афғонистон Раҳматуллоҳ Набил ба ҷонибдории тазоҳургарон сухан гуфта буд.
"Покистон душмани Афғонистон буд ва боқӣ мемонад. Шӯриш алайҳи мақомоти Покистон вазифаи миллӣ ва қарзи ҳар як шаҳрванди Афғонистон аст." - навиштааст Набил дар Твиттер.
Ёдовар мешавем, ки дар рӯзи гузашта 6 сентябр намояндаи Толибон* Забеҳулло Муҷоҳид гуфта буд, ки Панҷшер комилан таҳти назорати Толибон* аст, аммо Масъуди хурдӣ эълом дошт, ки муқовимат бо радикалҳо идома дорад ва ҳамаи сокинони Афғонистонро ба шӯриши миллӣ даъват кард.
Бар асоси охирин гузоришҳое, ки мерасад, гуфта мешавад, ки дар муқовимати шадиди шаби гузашта маркази вилоят дубора ба дасти Ҷабҳаи муқовимат афтода, Толибон талафоти сангин дидаанд.
* - ҷунбиши Толибон* ҳамчун созмони террористӣ ва мамнӯъ дар Русия ва Тоҷикистон эътироф шудааст.