ДУШАНБЕ, 7 сен — Sputnik. Муқовимат дар Панҷшер метавонад ба таври идеологӣ сокинони Афғонистонро илҳом бахшад, гуфт собиқ корманди парлумони Афғонистон Фоҳим Фитрат дар муколама бо РИА Новости.
Вай қайд кард, ки дар Афғонистон гурӯҳҳо ва ҳизбҳои кофӣ мавҷуданд, ки қаблан бо Толибон* меҷангиданд, аммо айни замон фурсатҳои мубориза барои ин кишварро интизоранд.
Вакили пешини парлумон афзуд, Панҷшер на танҳо бо дигар давлатҳо, балки бо нерӯҳои дохилии Афғонистон низ фаъолона музокира мекунад.
"Агар шумо ҳикояҳо дар бораи Панҷшерро бихонед, мо пирӯзиҳои зиёде ба даст овардаем... Мо қудрати кофӣ, нерӯҳои низомӣ ва ҳама чизро дорем, то душманони худро мағлуб кунем. Панҷшер озод хоҳад шуд", - гуфт Фитрат.
Шаҳрванди Афғонистон, ки бо муқовимат ҳамкории зич дорад, гуфт, ки Ҷабҳаи Муқовимати Миллӣ тамоми имкон дорад, ки минтақаҳои дигарро ба шӯриш бар зидди Толибон* бардорад.
Ёдовар мешавем, ки пас аз дафъи ҳамлаи Толибон* дар наздикии марзи Панҷшер рӯзи шанбе, 4 сентябр, ҷангиёни муқовимат мавриди ҳамалоти ҳавоӣ қарор гирифтанд.
Рӯзи душанбеи 6 сентябр Толибон* аз забти Панҷшер хабар доданд, аммо муқовимат ин маълумотро рад карда эълон кард, ки бо душман ҷангро идома медиҳад.
Маълумоти дақиқ дар бораи кушташудагон ва маҷрӯҳони ҳарду ҷониб гузориш нашудааст, аммо тибқи маълумоти умумӣ садҳо нафар ҳастанд.
Муқовимат эълон кард, ки нерӯҳои хориҷӣ дар канори Толибон* меҷанганд. Эрон аввалин кишваре шуд, ки Толибонро* барои сар задани ҷанг дар Панҷшер ба таври ошкоро маҳкум кард.
* Ташкилоти террористӣ дар Русия ва Тоҷикистон мамнӯъ аст.