Парвозҳои миёни Русия ва Тоҷикистон: хабарҳои охирин

Аз Калуга ба Тоҷикистон ду хатсайри нав роҳандозӣ мешавад

Парвози аввал рӯзи 9 сентябр ба нақша гирифта шудааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 7 сен - Sputnik. Аз бандари ҳавоии Калуга ба Тоҷикистон хатсайрҳо кушода шуд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти фурудгоҳи байналмилалии ба номи К.Е.Тсиолковский.
Ҳавопаймоҳои ширкати "Уральские авиалинии" ба ду шаҳри Тоҷикистон: Хуҷанд ва Кӯлоб парвоз хоҳанд кард.
Хабар дода мешавад, ки парвозҳои Калуга - Хуҷанд ҳафтае як маротиба рӯзҳои панҷшанбе соати 21:35 ба вақти Маскав анҷом дода мешаванд.
Парвозҳои миёни Русия ва Тоҷикистон: хабарҳои охирин
Феҳристи нави парвозҳо миёни Тоҷикистону Русия нашр шуд
Наздиктарин парвоз дар ин самт 9 сентябр ба нақша гирифта шудааст, нархи чипта аз 11.292 рубл оғоз мешавад.
Парвозҳои бозгашт дар як ҳафта ду маротиба рӯзҳои чоршанбе ва ҷумъа сурат мегиранд.
Инчунин аз Калуга рӯзҳои ҷумъа ба Кӯлоб парвоз кардан мумкин мешавад. Парвоз аз Федератсияи Русия соати 19:35 сурат мегирад. Нархи чипта 5287 рубл гуфта мешавад.
Парвози бозгашт рӯзҳои панҷшанбе ва шанбе иҷро хоҳад шуд. Арзиши чиптаҳо аз Тоҷикистон ба Калуга муодили 36 ҳазор рубли русӣ аст.