Фаронса "Толибон"* -ро эътироф карданӣ нест

Вазорати умури хориҷии Фаронса амалҳои Толибон дар Афғонистонро шадидан ва манфӣ арзёбӣ кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 7 сен - Sputnik. Фаронса бо Толибон* ҳеҷ иртиботи сиёсӣ надорад, гуфт котиби давлатии вазорати корҳои хориҷӣ Клемент Бон суҳбат бо радиои France Info.
Сиёсатмадори фаронсавӣ афзуд, ки раванди музокирот бо Толибон* боиси эътирофи онҳо нахоҳад шуд.
"Онҳо қудратро бо зӯрӣ ишғол карданд ва ҳоло кишварро амалан идора мекунанд", - гуфт Клемент Бюн.
Дипломат қайд кард, ки Фаронса ба мисли бисёр кишварҳои дигар ба таъсиси ҳукумати фарогир дар Афғонистон исрор меварзад.
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Шарҳи Песков дар бораи эътирофи Толибон* аз ҷониби Русия
"Мо инро намебинем ва наметавонам бигӯям, ки оё замоне чунин мешуда бошад", - изҳор дошт сухангӯи Вазорати корҳои хориҷӣ.
Бон афзуд, ки то замоне ки Толибон* намояндагони диаспора ва фарҳангҳои гуногунро дар ҳайати ҳукумат шомил накунанд, ҳуқуқи баробар барои занонро таъмин нанмоянд ва хушунатро бас накунанд, "ин ҳукумати пурзӯр ва исломгаро эътироф нахоҳад шуд".
Вазири Туркия гуфт, дар эътирофи ҳукумати Толибон* шитоб намекунанд
Сиёсатмадор инчунин дар бораи мушкилоти интиқоли сокинони таҳти таҳдиди Афғонистон: занон, рӯзноманигорон, ходимони фарҳанг, шахсоне, ки бо кишварҳои Аврупо ҳамкорӣ кардаанд, хабар дод.
*-ташкилоти террористӣ, ки фаъолияташ дар Русия, Тоҷикистон ва дигар кишварҳо мамнӯъ аст.