Афзоиши медалҳои Тоҷикистон дар нахустин Бозиҳои ИДМ

Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон аз афзоиши теъдоди медалҳои варзишгарони тоҷик дар нахустин Бозиҳои кишварҳои ИДМ хабар дод
Sputnik
ДУШАНБЕ, 7 авг – Sputnik. Тайи панҷ рӯзи мусобиқоти аввалин Бозиҳои кишварҳои ИДМ варзишгарони Тоҷикистон 10 медал ба даст овардаанд.
Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон мегӯяд, варзишгарони кишвар то ҳол ягон медали тиллоро дар ин сабқат ба даст наовардаанд. Аз медалҳои гирифта 6 ададашон нуқра ва 4 ададашшон биринҷӣ мебошанд.
Се медали охирро варзишгарони тоҷик 6 сентябр дар риштаи кураши тоторӣ соҳиб шуданд. Аз ҷумла Хуршедшоҳ Каримзода (-60кг), Ҳоҷиакбар Тошмуродов (-80кг) медалҳои нуқра ва Қурбоналӣ Охунов (-75кг) медали биринҷӣ гирифт, иттилоъ дод Кумита.
Варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали Бозиҳои ИДМ 4 медал ба даст оварданд
То ҳол варзишгарони Тоҷикистон дар риштаи юнонӣ-римӣ 2 медал, дар куштии тарзи озод 2 медал, дар намуди бокс як медал, дар куштии камарбандӣ ду медал ба даст оварданд. Ҳамин тариқ, шумораи медалҳои тими мунтахаби Тоҷикистон ба 10 адад – 6 нуқра ва 4 биринҷӣ расид.

Дар маҷмуъ дар ин бозиҳо беш аз 1000 варзишгар аз 9 кишвар - Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Озарбойҷон, Русия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон иштирок доранд. Нахустин Бозиҳои кишварҳои ИДМ 2 сентябр дар Қазон оғоз гардида, то 11 сентябр идома меёбанд. Аз Тоҷикистон дар ин мусобиқот 51 варзишгар аз рӯи 11 намуди варзиш иштирок доранд.