ДУШАНБЕ, 6 сен - Sputnik. Ноиби президенти Афғонистон Амруллоҳ Солеҳ бо як сафари кӯтоҳмуддат вориди Душанбе шудааст, хабар медиҳад РИА Новости бо такя ба як манбаъ.
"Солеҳ бо як сафари кутоҳмуддат барои гуфтушунид дар Тоҷикистон қарор дорад, то замина барои музокироти эҳтимолӣ бо Толибон* фароҳам шавад",- гуфт манбаъ.
Ба гуфти ӯ, Солеҳ пайваста дар Панҷшер дар канори раҳбарони муқовимат ба Толибон* қарор дорад.
Як моҳ пеш Толибон* ба нерӯҳои амниятии Афғонистон ҳамларо тақвият доданд ва 15 август вориди Кобул шуданд.
Рӯзи дигар онҳо эълон карданд, ки ҷанг ба охир расидааст ва шакли ҳукумат дар ояндаи наздик эълом хоҳад шуд.
Шаби 31 август низомиёни ИМА аз фурудгоҳи Кобул баромада, ҳузури тақрибан 20-солаи низомиёни амрикоӣ дар Афғонистонро қатъ карданд.
Рӯзи душанбе, 6 сентябр, Толибон* эълом карданд, ки Панҷшер охирин вилояти озоди Афғонистон, таҳти назорати онҳо қарор гирифт.
Дар навбати худ, нерӯҳои муқовимати маҳаллӣ таҳти сарварии Аҳмад Масъуд хабарҳоро дар бораи забт шудани Панҷшер аз ҷониби Толибон* рад карданд.
* ташкилоти террористӣ, ки фаъолияташ дар Тоҷикистон, Русия ва дигар кишварҳо мамнуъ аст