ДУШАНБЕ, 6 сен - Sputnik. Маркази Душанбе аз 7 то 9 сентябр барои ҳаракати нақлиёт комилан баста мешавад, хабар доданд ба Sputnik Тоҷикистон аз шаҳрдории пойтахт.
"Якбора се хиёбони калони Душанбе - И.Сомонӣ, Рӯдакӣ ва Ҳ.Шерозӣ барои нақлиёти ҷамъиятӣ баста мешаванд, зеро дар баробари онҳо гузаронидани паради калон ва сайри шаҳрвандон дар назар аст", - гуфт ба ҳукумати шаҳр.
Ҳамин тавр, аз фардо 7 сентябр роҳҳо соати 04:00 ба вақти маҳаллӣ баста мешаванд.
Қарор аст, дар майдони "Дӯстӣ" - и пойтахт паради ботантанаи низомии қисмҳо ва воҳидҳои гарнизони Душанбе баргузор шавад.
Гуфта мешавад, дар ин роҳпаймоӣ қарор аст, 15 ҳазор сарбозону афсарони кишвар ширкат кунанд.
Гузашти низомӣ ба 30 -умин солгарди Истиқлолияти Тоҷикистон бахшида мешавад. Дар ин чорабинӣ Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва меҳмонони баландпоя даъват карда мешаванд.
Илова бар ин, шаҳрдорӣ ҳушдор медиҳад, ки рӯзи панҷшанбе, 9 сентябр, субҳ боз як чорабинии оммавӣ дар хиёбони И.Сомонӣ баргузор мешавад.
Соати 09:00 дар майдони "Дӯстӣ" -и Душанбе сайри идонаи шаҳрвандон бо иштироки 45 ҳазор сокинони пойтахт: мактаббачагон, донишҷӯён, намояндагони касбу кори гуногун оғоз мешавад.
Бегоҳи 9 сентябр намоиши асосии рангин дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии "Наврӯзгоҳ" оғоз мешавад.
Намоиши театрӣ ба ифтихори солгарди ҷумҳурӣ ваъда медиҳад, ки дар солҳои охир яке аз рангорангтарин намоишномаҳо хоҳад буд. Дар он тақрибан 20 ҳазор нафар иштирок хоҳанд кард.