ДУШАНБЕ, 6 сен - Sputnik. Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров гуфт, Маскав бо кадом шарт дар инаугуратсияи ҳукумати нави Афғонистон ширкат варзад.
"Мо мехоҳем раванди ташкили ҳукуматро, ки тамоми қишрҳои ҷомеаи Афғонистонро инъикос мекунад, дастгирӣ кунем, аз ҷумла Толибон* ва дигар қавмҳо - на танҳо пуштунҳо: онҳо ҳазораҳо, ӯзбекҳо ва тоҷикон. Танҳо чунин як ҳукумати фарогир метавонад гузариши устувор ба зиндагии навро таъмин кунад", - гуфт Лавров ба хабарнигорон.
"Агар ин (фарогирӣ - шарҳ аз идора) баррасӣ шавад, ман фикр мекунам, ки мо бо хушнудӣ дар якҷоягӣ бо дигар кишварҳои даъватшуда, ки ба вазъи ин кишвар таъсир мерасонанд, ширкат хоҳем кард", - илова намуд вазир.
Ӯ истисно накард, ки даъват ба маросими савгандёдкуниро Русия аллакай гирифтааст.
Як моҳ пеш Толибон* ҳамла ба нирӯҳои ҳукуматиро тақвият доданд ва 15 август вориди Кобул шуданд. Рӯзи дигар онҳо эълон карданд, ки ҷанг ба охир расидааст ва шакли ҳукумат дар ояндаи наздик эълон хоҳад шуд.
Шаби 31 август низомиёни ИМА аз фурудгоҳи Кобул баромада, ҳузури тақрибан 20-солаи низомиёни амрикоӣ дар Афғонистонро қатъ карданд.
* - ташкилоти террористӣ, ки фаъолияташ дар Русия, Тоҷикистон ва дигар кишварҳо мамнӯъ аст.