ДУШАНБЕ, 6 сен – Sputnik. Фаҳими Даштӣ, раиси дафтари Аҳмад Масъуд буд, ки дар пайи рӯи кор омадани Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон раҳбарии дафтари матбуоти онро дошт.
Абдулвадуди Зарра, писари хоҳарбузурги Аҳмадшоҳи Масъуд, яке аз фармондеҳони Ҷабҳаи муқовимат буд. Манбаъи Sputnik Тоҷикистон дар Ҷабҳа гуфт, ҳарду замоне ба шаҳодат расидаанд, ки пас аз адои намози аср аз хонаи Фаҳими Даштӣ, ки яке аз меҳмонхонаҳои Ҷабҳа он ҷо ҳанӯз аз замони муқовимати аввал таҳти раҳбарии Аҳмадшоҳи Масъуд вуҷуд дорад, берун меомаданд.
“Ҳарду савори як мошини сурх равон буданд, ки тири ҳовон ба мошин асобат кард ва онҳоро шаҳид сохт”, - гуфт манбаъ.
Пушти ин ҳамла кӣ ҳаст? Ҳоло ду фарзия дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ пеш андохта мешавад. Як фарзия ин аст, ки гулӯлаи тӯпи “Толибон” аз ҷои номаълуме ба мошин бархӯрдааст. Фарзияи дуввум ин ҳамларо кори дасти толибҳои худкуш арзёбӣ мекунад, ки худро ба асорати нерӯҳои Ҷабҳаи муттаҳид афканда, дар фурсати муносиб дар назди мошини ҳомили Даштӣ ва Зарра инфиҷор додаанд.
Ин ду фарзияро нозирони вазъ ғайримумкин ҳисоб мекунанд, зеро ҳеҷ имкон надорад, тӯпи “Толибон” ба ҷои дигаре нахӯрда, маҳз ба мошини онҳо бархӯрда бошад. Ин маҳал аз манотиқи таҳти ишғоли “Толибон” хеле дур аст.
Дигар ин ки ягон гулӯлаи дигар дар давру бар наафтодааст. Фарзияи дуввумро аз он хотир ботил ва як шоеапароканӣ ба хотири дур бурдани азҳони мардум аз асли қазия меҳисобанд, ки асирони толиб аслан дар маҳал ҳузур надоштанд ва шоҳидон гуфтаанд, нафари машкуке ҳам он ҷо дида намешуд.
Покистон?
Дар ҳамин ҳол, фарзияи дигаре, ки мусоҳибони дигари Sputnik Тоҷикистон ба даст медиҳанд, хеле шокикунанда аст. Ба қавли онҳо, Даштӣ ва генерал Вадуд тариқи паҳподҳои бесарнишин ба шаҳодат расидаанд.
Як ҳамсӯҳбати Sputnik Тоҷикистон гуфт, онҳо тариқи моҳвораи “Сурайё” таъқиб шуда, аз сӯи тайёраҳои бесарнишин мавриди ҳамла қарор гирифтаанд.
“Ҳамин ҳоло гузоришҳое ҳастанд, ки хатҳои ҷабҳаро дар Панҷшер тайёраҳои бесарнишини артиши Покистон бамборон доранд. Гузоришҳои таъйидношудае ҳам вуҷуд доранд, ки дигар раҳбарони ҷабҳа низ мавриди ҳамла қарор гирифтаанд ва ҳудуди 500 сарбози нерӯи махсуси артиши Покистон вориди Панҷшер шудаанд”, - гуфт ӯ.
Манобеъи Ҷабҳаи муттаҳид қаблан ба Sputnik Тоҷикистон гуфта буданд, ки ҳаволии соати яки шаби 28 ба 29 августи соли равон ҳудуди 50 “ренеҷер” – и артиши Покистон аз роҳи Пули Чархӣ вориди Кобул шуда буданд, ки сарнишинонаш ҳамагӣ юниформҳои артиши Покистонро ба бар доштанд.
Ҳамзамон рӯзи гузашта аз фуруд омадани ду тайёраи низомии Покистон ба фурудгоҳи Кобул гузориш шуда буд, ки ҳомили сарбозони нерӯҳои вижаи Артиши Покистон буд. Идомаи тавтиа Дар гузашта дасти кам ду ҳодисаи мармузи куштори фармондеҳон дар Афғонистон иттифоқ афтодааст, ки то ба ҳол барои ҷомиа торик мондаанд.
Соли гузашта Пиримқул, яке аз фармондеҳони зиддитолиб дар вилояти Тахор ва як фармондеҳи дигар ба номи Алӣ Ҳусайн дар Ҳазораҷот низ ба таври мармуз кушта шуда буданд.
Ҳарду замоне аз байн бурда шуданд, ки дар ҷамъи одамони дигар қарор доштанд, аммо гулӯла маҳз ба худи онҳо хӯрда буд ва ба дигарон зараре нарасонд. Куштори Даштӣ ва генерал Вадуд ва маҷмӯае аз иттилооте, ки аз Панҷшер мерасад, аз як чархиши ғайримунтазирае дар ҷанги Афғонистон ривоят мекунад, ки ба қавли огаҳони ҳол, авоқиби хеле хатарнок хоҳад дошт.
Қаблан низомиёни Амрико низ аз эҳтимоли даргирии як ҷанги шадиди дохилӣ дар Афғонистон ҳушдор дода буданд. Зоҳиран тавтиаи бузурге, ки дар Афғонистон тарҳрезӣ шудааст, ҳанӯз ба анҷом нарасидааст.