Даргузашти Жан-Пол Белмандо, ҳунарпешаи шинохтаи сатҳи ҷаҳонӣ

Жан-Пол Белмондо, ҳунарпешаи машҳури фаронсавӣ дар синни 88 даргузашт
Sputnik
ДУШАНБЕ, 6 сен — Sputnik. Аз даргузашт Жан-Пол Белмондо хабаргузории AFP ба такя ба вакилаш хабар додааст.
Белмондо 9 апрели соли 1933 дар шаҳри Нёйи-сюр-Сени Фаронса дар оилаи Пол, муҷассамасоз аз Порис ва рассом Мадлен Белмондо таваллуд шудааст. Ӯ хатмкардаи Консерваторияи миллии санъати драмавӣ мебошад.
Аз беҳтарин нақшҳояшро дар филми "Зан ҳаст зан" (1961), "Дузд" (1967), "Бонк аз "Миссисипи" (1969), "Доктор Попол"(1972) ва ғайра бозӣ кардааст. Аз ҷумлаи серталабтарин ҳунарпешаҳои фаронсавӣ то соли 1986 буд.
Ба монандаи Ален Делон, Жан Пол Белмондо низ ширкати Cerito - ро ташкил кард, ки ба таҳияи филмҳои худӣ машғул мебошад.
Талафоти бузурги санъати тоҷик: Ҳабибулло Абдураззоқов даргузашт
Ҳамаи саҳнаҳои хатарноки филмро Белмондо асосан худаш иҷро мекард, то замоне, ки дар таҳияи филми "Ғорат" ҷароҳат бардошт.
Ӯ ду бор хонадор шуда буд - бори аввал бо раққоса Элоди Константен ва баъдан бо балерина Натти Тардивел издивоҷ карда буд. Инчунин аз ҳадди ақал чор муносибатҳои маҳрамонаи берун аз идивоҷаш низ маълум аст.
Моҳи феврали соли 2015 Белмондо аз анҷоми фаъолияти ҳунарияш дар бахши синамо эълон кард.
Белмондо ду бор ба ҷоизаи BAFTA чун ҳунарпешаи беҳтарини хориҷӣ пешбарӣ шуда буд. Соли 1989 ҷоизаи "Сезар" ва соли 2011 ҷоизаи тиллоии Ҷашнвораи синамои Канро соҳиб шуд. Соли 2016 бо ҷоизаи "Шери тиллоӣ" барои саҳмаш дар синамои ҷаҳонӣ қадрдонӣ шуда буд.