Шикасти “Толибон” дар Панҷшер ва боздошти панҷшериҳои ҳамкори онҳо

Нерӯҳои ҳаракати “Толибон*” дар Панҷшер ба таври комил саркӯб шуда, талафоти сангинеро мутаҳаммил шудаанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 5 сен – Sputnik. Кор ба ин ҷо кашидааст, ки ҷасадҳои ҷангиёни толиб дар кӯчаву талу теппаҳои дара бесоҳиб хобанд ва касе ба онҳо наздик намешавад.
Манбаъи Sputnik Тоҷикистон ба нақли қавл аз маркази матбуоти Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон гуфт, тамоми қитъаоти душман дар Ховок, Париён, Долонсанг, Сол ва Дарбанд ҳамроҳ бо таслиҳоти сангин ва нафароти пиёда, муталошӣ, дастгир ва фирорӣ шудаанд.

“Минтақаи Дарбанд дар Кописо аз ҷасадҳо мутааффин шудааст. “Толибон*” ришсафедон ва тоҷирони шаҳри Ҷабалуссироҷро ба ҷамъоварии ҷасадҳо фиристода буданд. Ин ҷасадҳо аввал шиносоӣ, сипас, таҳвил дода хоҳанд шуд”, - гуфт манбаъ.

Тибқи иттилои ин манбаъ, дар ҷангҳои шаби гузаштаи Панҷшер аз сарбозони Ҷабҳаи муқовимати миллӣ ҳудуд сӣ нафар кушта ва 50 нафар захмӣ шудаанд. Дар бораи талафоти ҷонии “Толибон*” аз ҳудуди 300 то 1000 нафар ва ҳудуди 500 асир суҳбат мешавад, ки ин омор қисман дар видеоҳои пахшшуда аз ҷанги Панҷшер таъйиди худро меёбад.
Генерал Атиқуллоҳ Барёлай, яке аз фармондеҳони Ҷабҳаи муқовимат дар сафҳаи фейсбукиаш навишт, толибоне, ки дар чанд рӯзи ҷанг дар вилоят Панҷшер тавассути Ҷабҳа асир гирифта шудаанд, ба беҳтарин шакле, ки каромати инсонӣ помол нагардад, нигаҳдорӣ мешаванд.
"Агар шаҳид ҳам шавем, бигзор ҳама донанд" - муроҷиати Аҳмад Масъуд ба ҷаҳон
“Паёмашон барои соири толибҳо ин аст, ки Панҷшер воқеан дараи марг аст, наёед, ки зинда барнамегардед”, - гуфтааст ӯ.
Манбаъи дигари Sputnik Тоҷикистон тафсилоти дигареро аз ҷангҳои Панҷшер ироа мекунад. Бино ба он, дар ин ҷанг панҷшериҳои ҳамкор бо “Толибон*” низ нақш доштаанд. Яке аз онҳо Ҳамиди Хуросонӣ аст, ки шаби гузашта корвони муҳоҷимони толиб ба деҳаҳои Оноба ва Замонкӯри Панҷшерро раҳнамо будааст.
“Вақте ин корвонҳо дар Долонсанг, минтақаи вурудии Дара, канори Дарбанду Шутул, аз рӯи нақша роҳ дода ва аз сӯи нерӯҳои муқовимат торумор шуданд, Хуросонӣ фирор кардааст ва хабаре аз ӯ нест”, - гуфт манбаъ.
Дар ҳамин ҳол, манобеъ аз боздошт шудани се нафари дигар - Мавлавӣ Фазлхудо, додситони собиқ, Мавлавӣ Убайдуллоҳ, мудир маорифи Париён, фармондеҳоне бо номҳои Муҳаммадуллоҳ ва Малик Додхудо ин вулусволӣ хабар медиҳанд.

“Як омили “Толибон*” дар Панҷшер Ҳоҷӣ Гулбиддин аст, ки бо шӯрои “Толибон*” қаробат дорад ва ҳамеша дар Пешовар зиндагӣ мекард. Амнияти миллии собиқ ҳукумат ин дастаро медонист, аммо барои дастгириашон коре намекард, балки ҳамкори онҳо буд, то душманони дохилиро барои Аҳмад Масъуд омода кунанд”, - гуфт манбаъ.

Париён бузургтарин вулусволии Панҷшер аст, ки қабл аз ҳама бо байрақ бардоштани толибони маҳаллӣ ба дасти “Толибон*” суқут кард. Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон дирӯз хабар дод, ки “Толибон*” дар ин вулусволӣ ба дом афтодаанд.
Тибқи охирин иттилоот, деҳаи Дашти Реват ва маркази Париён – Қалъа аз вуҷуди онҳо поккорӣ шуда, нерӯҳо бо додани талафоти сангини ҷонӣ мошинҳои худро раҳо карда, ба сӯи кӯтали Анҷуман, марзи Панҷшеру Бадахшон ақибнишинӣ кардаанд.
Манобеъи “Толибон*”, ки дирӯз аз суқути панҷ вулусволии Панҷшер – Шутул, Оноба, Обшор, Хинҷ ва Париён хабар дода буданд, ҳоло хабаре пахш накардаанд.
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Толибон* ҳеҷ гоҳ Панҷшерро забт нахоҳанд кард - коршинос
Дар ҳамин ҳол, бино ба як навори савтӣ, ки гӯё сабти гуфтугӯи миёни як фармондеҳи толиб аз Панҷшер бо Мулло Қаюм Зокир, фармондеҳи аршади “Толибон*” дар Кобул аст, аввалӣ мегӯяд, нерӯҳои толиб талафоти зиёде доранд, ҷасадҳояшон дар кӯчаву талу теппаҳо хобанд ва аз дуввумӣ хоҳиш мекунад, ки нерӯҳои кӯмакӣ фиристад.
Манобеъи Ҷабҳаи муқовимат ҳам мегӯянд, Толибон* қувваҳои тозадам оварда равонанд. Ҳамчунин аз ҳузури ҷангиёни араб, покистонӣ, чеченӣ, тоҷикистониву ӯзбекистонӣ ва ӯйғурҳо дар ҷанги Панҷшер низ гузориш мешавад, ки дар бархе наворҳои видеоии пахшшуда аз сӯи “Толибон*” дида мешаванд.
* - созмони террористӣ, ки дар қаламрави Тоҷикистону Русия мамнӯъ аст