Попи Рум Афғонистонро ба сулҳ даъват кард

Попи Руми Франсиск умедвор аст, ки гурезаҳои афғонро дар дигар кишварҳои ҷаҳон қабул хоҳанд кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 5 сен - Sputnik. Поп Руми Франсиск ҳангоми мавъизаи анъанавии рӯзи якшанбеи худ дар майдони Петри муқаддас дар Ватикан аз мавзӯи Афғонистон ёдрас шуд.
Вай изҳори умедворӣ кард, ки кишварҳои дигар гурезаҳоро аз Афғонистон қабул хоҳанд кард.
"Ман дуо мекунам, ки бисёр кишварҳо онҳоеро, ки дар ҷустуҷӯи зиндагии нав ҳастанд, қабул ва муҳофизат кунанд", - гуфт Попи Рум.
Франсиск афзуд, ки таълим додани шаҳрвандони ҷавони афғон, ки мехоҳанд тарки кишвар кунанд, муҳим аст.
Покистону Эрон мехоҳанд вазъи Афғонистонро бо ҳамсоягонаш баррасӣ кунанд
"Бигзор ҳамаи афғонҳо, хоҳ дар хона, хоҳ дар роҳ ва хоҳ дар дигар кишварҳо, бо ҳамсоягонашон дар сулҳу бародарӣ зиндагӣ кунанд", - даъват кард Попи Рум.
Бояд гуфт, ки вазъ дар Афғонистон пуршиддат боқӣ мемонад. Хабарҳо аз ин кишвар дар бораи таъқиби рӯзноманигорон, занон ва рӯҳониён, инчунин интиқом алайҳи кормандони собиқи низомӣ ва сиёсатмадорон нашр мешаванд.
Ҳамчунин дар Панҷшер миёни Толибон ва ҷабҳаи муқовимат ҷангҳои шадид идома доранд.