ДУШАНБЕ, 5 сен - Sputnik. Қиссаи дар бораи баровардани сарбозони Бритониё аз Кобулро рӯзномаи Daily Express навиштааст.
Нерӯҳои махсуси ҳавоии Бритониё (SAS), ки дар Афғонистон як нақшаи махфиро анҷом медоданд, ҳангоми супоридани Кобул ба дасти Толибон* фирефта шуданд
20 сарбоз дар ҷануби Афғонистон як амалиёте доштанд. Онҳо аз набудани чархболҳо барои берун овардани онҳо аз ин кишвар огоҳӣ гирифтанд ва ба онҳо фармон дода шуд, ки низомиён бояд мустақилона ба пойтахт расанд.
"Ба онҳо гуфта шуд, ки амалиётро қатъ кунанд ва барои хориҷ шудан фавран тавассути Кобул омодагӣ гиранд", - гуфт як манбаи номаълум.
Низомиён маҷбур шуданд, ки тамоми силоҳ, лавозимоти ҷангӣ ва техникаи махсусро канор гузоранду ҷойи хуро тарк намоянд. Барои наҷоти ҷони худ онҳо паранҷӣ пӯшиданду ва тариқи такси ба пойтахти Афғонистон рафтанд.
Расонаҳои бритониёӣ менависанд: "Баъзе лаҳзаҳои хатарнок буд, аммо ҳатто ҷангҷӯён чодарӣ занро кашанд".
Дар постҳои Толибон низомиёни бритониёӣ мегуфтанд, ки онҳо занони хеле диндор ҳастанд ва мехоҳанд шахсан аз бозгашти Толибон* ба сари қудрат дар Афғонистон истиқбол кунанд. Ин инқдом мувафақ будааст.
Бритониҳо танҳо дар назди ҳамватанони худ тавонистанд либоси занонаи худро бикашанд.