Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?

Толибон* гуфтанд, киҳоро ба сафи худ намепазиранд

Толибон* дар шарқи Афғонистон аъзои ДИИШ* ва онҳоеро, ки риш надоранд, ба сафи худ қабул нахоҳад кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 4 сен – Sputnik. Комиссиюни ҳарбии шарқии Толибон* қабули низомиёни собиқ, пулис, аъзои ДИИШ* ва афроди беришро ба суфуфи худ, манъ кардааст, омадааст дар баёнияи Қасри волии вилояти Нангарҳор, менависад РИА Новости.
Дар изҳорот ба фармондеҳон дастур дода шудааст, ки ин гурӯҳро аз сафи нерӯҳои Толибон* хориҷ кунанд.
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Ато Муҳаммади Нур дар бораи ҷанги Толибон* дар Панҷшер: "ин куштори қавмӣ аст"
Инчунин қайд карда мешавад, ки ба ҷангиёни Толибон* пӯшидани айнаки сиёҳ ва пӯшидани рӯйҳояшон манъ аст.
Толибон* ҳеҷ гоҳ Панҷшерро забт нахоҳанд кард - коршинос
Ёдовар мешавем, ки вазъи Афғонистон дар робита бо хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ аз ин кишвар якбора бад шуд. Миёнаҳои август Толибон* қариб тамоми қаламрави кишварро ишғол намуда, вориди Кобул шуданд.
Раҳмон ба Масъуду Раббонӣ ордени Исмоили Сомонӣ дараҷаи I дод
Президент Ашраф Ғанӣ "барои пешгирӣ аз куштор" аз кишвар фирор кард.
"Агар шаҳид ҳам шавем, бигзор ҳама донанд" - муроҷиати Аҳмад Масъуд ба ҷаҳон
Феълан Панҷшер ягона вилоятест, ки берун аз назорати Толибон* аст.
*созмони террористии мамнӯъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар