ДУШАНБЕ, 4 сен – Sputnik. Кишоварзон аз навоҳии Тоҷикистон дар Боғи Ирами шаҳри Душанбе Иди ангур, каду, харбузаву тарбузро таҷлил мекунанд, хабар додаст Вазорати кишоварзӣ.
Дар чорабинӣ иштирокдорон аз навоҳии атрофи Душанбе ва вилоятҳои Суғду Хатлон маҳсулоти худро ба намоиш ва фурӯш гузошта, инчунин ҳунари ороиши дастархон бо маҳсулоти полезӣ ба маърази тамошо мегузоранд.
"Ҳадаф аз баргузории иди мазкур тарғиби рушди маҳсулоти кишоварзӣ, муаррифӣ намудани дастранҷи марди деҳқон, эҳё намудани анъанаҳои парвариши ангур, каду, харбуза, тарбуз ва аз таҷрибаи деҳқонони дигар минтақаҳои Тоҷикистон баҳра бурдан аст", - навиштааст "Ховар" аз қавли Вазорати кишоварзӣ.
Вазорат мегӯяд, имсол дар ҷумҳурӣ кишти каду, харбуза ва тарбуз афзоиш ёфта, парвариши навъҳои гуногуни он роҳандозӣ гардид.
Ба иттилои расмӣ, то 27 август дар ҷумҳурӣ 22 ҳазору 110 тонна ангур ҷамъоварӣ шудаст.
Инчунин кишоварзони вилояти Суғд 68573 тонна, вилояти Хатлон 361572 тонна ва навоҳии тобеи ҷумҳурӣ 5873 тонна полезӣ ҷамъоварӣ кардаанд.
Вазорати кишвоварзӣ мегӯяд, дар рӯзи ид меҳмонони чорабинӣ метавонанд, навъҳои гуногуни каду, ангур, тарбузу харбузаро бо нархҳои дастрас харид кунанд.