Панҷшер: касе фирор накардааст, гуруҳе аз Толибон* таслим шуданд, муқовимат идома дорад

Дар пайи раҳо шудани хатти аввали ҷабаҳоти Панҷшер ҷангҳои шадид ба дохили дара гузаштаанд. Манобеъ аз кушта шудани даҳҳо толиб хабар медиҳанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 4 сен – Sputnik. Ин ҳам дар ҳолест, ки “Толибон”* эълон доштанд, ки чаҳор вулусволии вилоят Шутулу Оноба аз қисмати ғарбӣ ва Париёну Хинҷ аз қисмати шарқиро ишғол карда, ба Бозорак, маркази вилоят ва зодгоҳи Аҳмадшоҳи Масъуд, Қаҳрамони миллии Афғонистон наздик омадаанд.
Аммо як манбаъи Sputnik Тоҷикистон аз қавли Аминулло Ғафурӣ, яке аз фармондеҳони Ҷабҳаи муқовимат дар Париён мегӯяд, гуруҳи ӯ дар деҳаҳои Дашти Риват ва Сафедчеҳри вулусволии Париён як гуруҳи неруҳои “Қитъаи сурх”, нерӯҳои вижаи “Толибон” – ро торумор кардаст.
“Теъдоди чаҳорсаду даҳ ҷангҷӯи “Қитъаи сурх” – и “Толибон”, ки дар муҳосира буданд, дар қарияи Ховок бо тамоми таҷҳизоти муҷаҳҳазашон таслими Ҷабҳаи муқовимат шуданд. Баъди ба дасти “Толибон”* гузаштани Париён нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимат ба дараҳои фаръии вулусволӣ ақиб нишаста, ҷангро идома медиҳанд”, - гуфт манбаъ.
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Ато Муҳаммади Нур дар бораи ҷанги Толибон* дар Панҷшер: "ин куштори қавмӣ аст"
Аминулло Ғафурӣ гуфтааст, ки дар тамоми вулсволиҳо вазъ чунин аст ва “Толибон”* аз ҳар ҷониб аз сӯи нерӯҳои маҳаллӣ дар муҳосира қарор гирифтаанд.
“Мо ба онҳо ихтор додем, ки силоҳи худро ба замин гузошта, таслим шаванд. Аммо онҳо гарданшахӣ мекунанд”, - гуфтааст ӯ.
Дар ҳамин ҳол, дафтари матбуоти Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон аз қавли Фаҳими Даштӣ, раҳбари марказ, дар бораи талафот ва шикасти “Толибон”* хабар пахш карда, иттилоъ дод, ки шаби гузашта як шаби хунин барои “Толибон”* буд.
“Ҳашт ҳазор толиб бо 350 ҳомвей, мошинҳои ҷангии амрикоӣ, пас аз чаҳор соат даргирӣ ақиб ронда шуданд ва дар камин афтоданд. 450 толиб кушта ва 130 нафар аз онон асир шуданд”, - гуфтааст Даштӣ.
Дар ҳамин ҳол, Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон талафоти ҷонӣ дар сафҳои худ рад накарда, мегӯяд, кушта ва захмишудагони ҷабҳа каманд, аммо барои ҷабҳа бузург мебошанд. Ҳамчунин ин манобеъ фирори раҳбарони Ҷабҳаи муқовимат, бахусус, Аҳмади Масъуд, Амруллоҳ Солеҳ, Солеҳ Муҳаммади Регистонӣ, Фаҳими Даштӣ ва дигаронро рад карда, гуфтанд, ки онҳо дар Панҷшер ҳастанд ва машғули корҳои худ мебошанд.
* - созмони террористии мамнӯъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар