ДУШАНБЕ, 4 сент – Sputnik. Дар Душанбе рӯзҳои 20-24 сентябр ҷашнвории байналмилалии дӯстии кӯдакон ва наврасони кишварҳои ИДМ баргузор мешавад, хабар медиҳад сомонаи маъмурияти пойтахти Тоҷикистон.
Гуфта мешавад, ки раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар бораи омодагӣ ба ин ид фармони дахлдорро имзо кардааст.
"Ҳадафи ҷашнвораи "Дар меҳмонии Душанбе" тақвияти равобити дӯстона байни кӯдакон ва наврасони кишварҳои ИДМ, тарғиби арзишҳои умумибашарӣ, сулҳу ваҳдат, дониш ва эҳтиром ба урфу одат ва фарҳанг аст", - гуфта мешавад дар қарори шаҳрдори пойтахт.
Ҳамчунин дар доираи ин ҷашнвора, муассисаҳои таълимӣ табодули таҷриба ва иттилоот хоҳанд кард.
Ёдовар мешавем, ки 9 сентябр дар Тоҷикистон 30 -юмин солгарди истиқлолияти давлатӣ таҷлил мешавад.
Вобаста ба ин рӯз дар кишвар иншооти нави иҷтимоӣ, фарҳангӣ, таълимӣ кушода мешаванд, чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ, иҷтимоӣ ва сиёсӣ баргузор мегарданд.
Афзун бар ин, рӯзҳои 15-16 сентябр дар Душанбе нишасти сарони кишварҳои СААД ва 16-17 сентябр мулоқоти президентҳои кишварҳои узви СҲШ баргузор мешавад.