Ҳафт аспсавори камонвар, ки либоси миллӣ дар бар доштанд, савора ба нишонҳо тир холӣ карданд. Намоиши асп як қисми анъанавӣ ва ҷолиби ҷашнвораи "Спасская башня" аст.
Ҷашнвораи байналмилалии мусиқии низомии "Спасская башня" ҷашнест, ки ҳамасола, аз соли 2006 инҷониб дар Маскав баргузор мешавад.
Дар ин ҷашнвора оркестрҳои низомии Русия ва хориҷӣ, гурӯҳҳои фолклорӣ, инчунин воҳидҳои ҳифзи ифтихории сарони давлатҳо иштирок мекунанд.
Одатан, он бо як чорабинии васеъмиқёс дар Майдони Сурх хотима меёбад.
Ҷашнвора ба Рӯзи шаҳри Маскав бахшида шудааст.