“Аҳмадҷони Масъуд, танҳо нестӣ”: Устод Ато ба “Толибон”* ҳушдор дод

Устод Атомуҳаммади Нур, яке аз чеҳраҳои барҷастаи Афғонистон, ба Аҳмади Масъуд паём фиристод, ки танҳо нест
Sputnik
ДУШАНБЕ, 4 сен – Sputnik. Собиқ волии Балх, маъруф ба “Императори Балх”, ки ҳоло дар шаҳри Дубай қарор дорад, ба “Толибон”* ҳушдор додааст, то аз зӯроварӣ сари дараи Панҷшер даст бардоранд, дар акси ҳол, ҳама дар канори Аҳмади Масъуд қарор хоҳанд гирифт.
Қорӣ Қудратуллоҳ Ҳурмат, ёвари Устод Ато, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ин раҳбари сиёсӣ Панҷшерро фаротар аз як ҷуғрофия ба унвони намоди истодагиву муқовамат ва сарзамини ҳамосаофарин хонда, гуфтааст, шиддати ҳамалоти ахири “Толибон”* болои Панҷшер бар хилофи рӯҳияи сулҳталабӣ, оташи ҷанги дигареро шӯълавартар ва заминаро барои ташкили ҳукумати баъдӣ дучори мушкил ва чолишҳои фаровон мекунад.
Ато бо тавсиф аз сангардорони Панҷшер изҳор доштаст, ки бо раҳбарони таъсиргузори сиёсӣ рӯи вазъияти ояндаи кишвар дар ҳоли гуфтугӯ ҳаст, то фурсати шаклгирии ҳукумати фарогир фароҳам шавад.
Раббонӣ аз Толибон* дар шимол хост, алайҳи ҷабҳаи муқовимат наҷанганд - видео
"Агар дархости раҳбарон барои тафоҳуми сиёсӣ, ба натиҷа нарасад, тавсеаи Ҷабҳаи муқовамат аз гузинаҳои дигаре аст, ки рӯи он тамаркуз хоҳем кард. Агар “Толибон”* бихоҳанд аз роҳи зӯр бар мардум ҳокимият кунанд, ба ин амр мултафит шаванд, ки танҳо бо ҷабҳаи Панҷшер рӯбарӯ нахоҳанд буд ва доманаи ин ҷабҳа фаротар аз Панҷшер, Афғонистонро фаро хоҳад гирифт”, - гуфтааст Устод Ато.
Вай афзудааст, ки куштор ва тасаллут ба зӯр ба ҳеҷ ваҷҳ ба мафҳуми тасаллути комил бар як ҷуғрофия нест ва беҳтар аст ба ҷои хушунат, роҳҳои беҳтари дигаре ҷустуҷӯ шавад.
“Барои Аҳмадҷони Масъуд ва соири сангардорони Ҷабҳаи муқовимати миллӣ дар ин муборизаи душвор, орзуи пирӯзӣ дорам ва таъкид мекунам, ки онон танҳо нестанд, балки аз Балх то Қандаҳор, аз Бадахшон то Ҳирот ва аз ҳар гӯшаи ин сарзамин, мардуми озода дар канори онон қарор дорад ва қарор хоҳанд гирифт”, - гуфтааст собиқ волии Балх.
Солеҳ: нагурехтаам, дар Панҷшер ҳастам - видео
Устод Атомуҳаммади Нур 14 августи соли равон дар пайи суқути Мазори Шариф, пойгоҳи аслии ӯ ба дасти “Толибон”* Афғонистонро ба қасди Ӯзбекистон тарк кард ва аз он ҷо ба шаҳри Дубай рафт. Баъдтар дар суҳбатҳояш вай гуфт, ки бо маслиҳати афроди муҳими кишвар, назири вазири дифоъи пешин Бисмиллоҳ Муҳаммадӣ ва маршал Абдурашид Дӯстум, тарки ватан кардааст.
Дар ҳамин ҳол, ёвари ӯ мегӯяд, қисме аз нерӯҳои бозмонда аз Устод Ато дар Афғонистон ҳоло дар Панҷшер меҷанганд ва иддае ҳам дар қаламрави Балху вилоятҳои атрофи он мунтазири фармонанд.
* - созмони террористии мамнӯъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар