ДУШАНБЕ, 3 сен — Sputnik. Тими Тоҷикистон дар "Биотлони тонкӣ - 2021" мавқеи дуюмро ишғол кард. Тонкдорони тоҷик дар дивизиони дуюми ин мусобиқа иштирок карданд.
Дастаи Тоҷикистон дар мусобиқаи соли равон 2 соату 20 дақиқаю 5 сония нишон дода, барандаи медалҳои нуқра шуд. Тонкдорони тоҷик аз дастаи пирӯз ҳудуди се дақиқа ақиб монданд.
Ғолиби дивизиони дуюм дар бозиҳои ҳафтуми биотлони тонкӣ тими Қирғизистон шуд, ки натиҷаи нишондодааш 2 соату 16 дақиқаю 51 сония мебошад.
Мақоми сеюмр Мянмор ва зинаи чорумро дастаи тонкдорони Осетияи ҷанубӣ соҳиб шуданд.
"Биотлони тонкӣ - 2021" дар размоишгоҳи Алабино дар наздикии Маскав баргузор шуд. Маврид ба зикр аст, ки пирӯзи мусобиқа дар дивизиони дуюм ҳаққи иштирок дар сабқати дивизиони якум дар соли ояндаро хоҳад дошт.
Дар ҳамин ҳол 4 сентябр марҳилаи ниҳоии сабқати тонкӣ дар дивизиони якум дар назар аст.
Маврид ба зикр аст, ки сабтқатҳои тонкӣ аз соли 2013 бо ташаббуси генерали артиш, Сергей Шойгу, вазири мудофиаи Русия баргузор мешаванд.