ДУШАНБЕ, 2 сен — Sputnik. Чеченистон ҳеч гоҳ давлати мустақил ва алоҳида набуд, изҳор дошт Рамазон Қодиров дар ҷаласаи васеи ҳукумат, ки ба масоили интихобот бахшида шуда буд.
"Мо ҳеч гоҳ истиқлолу давлате надоштаем. Агар Шайх Мансур истиқлол мехост, вай то Геленҷик намерафту кишварро ғасб мекарду ин ҷо давлате бо нишону парчамаш месохт. Аммо ӯ тамоми Қафқозро ғасб карду то Анапа расид", - изҳор дошт Қодиров.
Ӯ афзуд, ки қаҳрамонҳои халқие ба монанди Мансур, Байсангур, Беноевский, Таймин Биболат, Адин Сурхо, Чеченистонеро мехостанд, ки дар шакли имрӯзааш вуҷуд дорад.
Ба гуфтаи роҳбари ҷумҳурӣ, Чеченистон бояд рушдро бо "роҳи Аҳмад Қодиров" давом диҳаду чизе наверо ихтироъ кардан зарур нест.
Дар замони ҷанги дуюми Чеченистон дар солҳои 1999 - 2000-ум Қодирови калонӣ аз иштирок дар амалиёти ҷангӣ худдорӣ карду, дар интиқоли маҳаллаҳои ноҳияи Гудермесовск ба назорати нерӯҳои федералӣ нақши муҳим бозид. Ӯ се сол баъд дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ пирӯз шуд.
Моҳи майи соли 2004-ум Қодирови калонӣ ҳангоми инфиҷор дар варзишгоҳи "Динамо" дар шаҳри Грозний ба ҳалокат расид. Масъулияти ин амали террористиро яке аз роҳбарони ҷангиён, Шамил Басаев ба уҳда гирифт, ки соли 2006-ум дар пайи як амалиёт кушта шуд.