Путин дар бораи эътирофи ҳукумати Толибон*

Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, ки феълан дар Аҷумани иқтисодии Шарқ иштирок мекунад, назарашро дар мавриди эътирофи ҳукумтаи Толибон* баён дошт
Sputnik
ДУШАНБЕ, 3 сент – Sputnik. Раиисҷумҳури Русия мегӯяд, эътирофи ҳукумати ҷадид дар Афғонистон аз аъмолашон вобастагӣ дорад.
Дар масъалаи эътирофи ҳукумати Толибон* бояд дид, ки пушти изҳорташон чӣ меистад, бояд бо назардошти воқеият амал кард, изҳор дошт Путин дар Анҷумани иқтисодии Шарқ.
Ӯ инчунин вазъи Афғонистонро бо хуруҷи нерӯҳои ғарб аз ин кишвар фоҷиавӣ арзёбӣ кардааст. Ба гуфтаи раисиҷумҳури Русия, ӯ дар масъалаи Афғонистон бисёр бо ҳамкорон аз кишварҳои дигар суҳбат мекунад.
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Толибон: “Мо дар кобинаи вазирон зан надорем”
Қаблан раисиҷумҳури Русия дар мавриди Афғонистон гуфт, бояд дарк кард, ки таҳвили чизе аз берун ғайриимкон аст. Ӯ афзуд, ки бояд кумак кард, мунтазир шуд, ки вазъ аз дохил мусоид шавад.
Феълан Толибон* бар ҳамаи вилоятҳои Афғонистон, ба истиснои Панҷшер тасаллут пайдо карда, аз ташкили аморати исломӣ хабар доданд.
Феълан Панҷшер ягона аз 34 музофоти Афғонистон мебошад, ки нерӯҳои зиддитолиб дар он ҷамъ омада, ташкили давлати муосир бо иштироки намояндагони тамоми ақвому ақшори ҷомеа дар заминаи исломи муътадилро талаб доранд. Рӯзҳои охир Толибон* чанд бор ин вилоятро ҳадафи ҳамла қарор доданд, аммо ба гуфтаи намояндагони Ҷабҳаи муқовимат талафоти зиёд дидаанд. Феълан ҷанг дар Панҷшер идома дорад.
* - созмони террористии мамнӯъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар