ДУШАНБЕ, 3 сент — Sputnik. Мусобиқаи байналмилалии ҷудо ба номи Ҷигоро Кано дар ҳошияи Форуми иқтисодии Шарқ рӯзи 3 сентябр дар шаҳри Владивосток баргузор шуд.
Дар ин сабқат, ки таҳти сарпарастии роҳбарони Русия ва Ҷопон баргузор мегардад, зӯрозмоӣ дар ҳайати даставӣ миёни мунтахаби Русия ва мунтахаби байналмилалии ҷудо - "U-23", тибқи қоидаҳои Федератсияи байналмилалии ҷудо сурат гирифт.
Дар вазни то 73 кило паҳлавони тоҷик, қаҳрамони ҷаҳон миёни ҷавонон, барандаи медали нуқраи Чемпионати Осиё/Уқёнус Сомон Маҳмадбеков вориди майдон шуда, Казбек Нагучев, намояндаи Русияро шикаст дод.
Паҳлавони кишвари мизбон ва рақиби шикастхӯрдаи Сомон Маҳмадбеков, чемпиони Аврупо миёни ҷавонони то 21-сола, чемпиони ҷаҳон миёни ҷавонон мебошад.
Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон мегӯяд, барои Сомон Маҳмадбеков ин маротибаи чорум аст, ки дар Мусобиқаи байналмилалии ҷудо ба номи Ҷигоро Кано сабқат мекунад.
Дар баробари намояндаи Тоҷикистон, дар сабқат инчунин барандагони унвонҳои қаҳрамонии ҷаҳон ва Аврупою Осиё аз Туркия, Олмон, Нидерланд ва Фаронсаю Маҷористон иштирок карда, бо паҳлавонҳои Русия зӯрозмоӣ карданд.