Тоҷикистон ба даври ниҳоии "Биатлони танкӣ" роҳ ёфт

Танкчиёни тоҷик тавонистанд ба даври ниҳоии сабқати АрМИ-2021 роҳ ёбанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 2 сен — Sputnik. Ғолибони мусобиқаи дивизиони дуюми озмуни "Биатлони танкӣ" АрМИ-2021 маълум шуданд.
Дар ин бора Вазорати дифои Осетияи Ҷанубӣ гузориш додааст.
Тонкронҳои тоҷик аз ҳарифони қирғизашон шикаст хӯрданд
Бино ба иттилоъи вазорати дифоъ, натиҷаи дастаҳои Осетияи Ҷанубӣ ва Тоҷикистон бинобар мушкилоти фаннӣ, ки бо айби экипаж рух додааст, дубора бознигарӣ ва ҳисоб карда шуданд.
Низомиёни Тоҷикистон дар "Биатлони танкӣ" рекорд гузоштанд
Ҳамин тариқ, дастаи Лаос, ки дар қисми ниҳоии мусобиқа ширкат нахоҳад кард, "аз бозӣ" баромад.
Рекорди нави Тоҷикистон дар "Биатлони танкӣ - 2021"
Ҳамин тавр дар даври ниҳоии сабқати "Биатлони танкӣ" дастаҳои Қирғизистон, Мянма, Тоҷикистон ва Осетияи Ҷанубӣ ширкат хоҳанд кард.
Эстафетаи хотимавии дивизияи дуюм 3 сентябр баргузор мешавад.