Мавҷи сеюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо

Коҳиш меёбад? Вазорати тандурустӣ омори нави коронавирус дар Тоҷикистонро нашр кард

Дар муқоиса бо рӯзҳои охир, шумораи сироятҳои нави COVID-19 дар Тоҷикистон коҳиш меёбад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 2 сен — Sputnik. Вазорати тандурустии Тоҷикистон омори ҳамарӯза дар бораи паҳншавии коронавирусро эълон кард.
Давоми 24 соати гузашта дар кишвар 32 ҳолати нави сироятёбӣ ба коронавирус ошкор карда шуд. Шумораи умумии ҳолатҳои гирифторӣ COVID-19 ба 16,884 нафар расид.
Ҳамчунин гузориш дода мешавад, ки мутахассисон 44 беморро аз ин беморӣ шифо додаанд. Дар маҷмӯъ, дар Тоҷикистон расман 16 742 бемор коронавирусро паси сар кардаанд.
Калонтарин шифохонаи Суғд баъди ду моҳи қарантинаи COVID -19 ба реҷаи муқаррарӣ мегузарад
Вазорати тандурустӣ ҳолатҳои нави марговарро сабт накардааст. Аз аввали пандемия то кунун дар кишвар 124 нафар аз COVID-19 фавтиданд.
Қаблан вазири тандурустии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода гуфта буд, ки шумораи гирифторони коронавирус дар ҷумҳурӣ коҳиш меёбад.
Ба гуфтаи ӯ, кишвар мавҷи дуввуми COVID-19-ро, ки дар охири моҳи июн оғоз шуда буд, дилпурона паси сар мекунад.