ДУШАНБЕ, 2 сен – Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъори хориҷӣ эълон кард, ки тибқи он рублу доллар ва евро боло рафт.
Тибқи иттилои ин ниҳоди молиявӣ арзиши 1 рубли русӣ 0.1548 сомонӣ мебошад, ки ин нисбат ба рӯзи пеш гаронтар аст.
Дирӯз дар бозори арзи Тоҷикистон 1 рубли русӣ 0.1541 сомонӣ арзиш дошт.
Ҳамзамон тибқи иттилои БМТ, қурби асъори аврупоӣ низ нисбат ба сомонӣ боло рафтааст.
Дар бозори арзи кишвар як евро 13.4018 сомонӣ арзиш дорад, дар ҳоле ки як рӯз пеш 13.4010 буд.
Дар баробари болоравии рублу евро доллар бошад каме коҳиш ёфтааст. Қурби 1 доллар ҳоло дар бозори арзи кишвар 11.3232 сомонӣ арзиш дорад, дар ҳоле ки дирӯз 1 доллар дар ҳудуди 11.3210 сомонӣ буд.
Ҳамин тавр, қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар муассиcаҳои ташкилоти қарзии Тоҷикистон чунин муқаррар шудааст.
1 доллари ИМА аз 11.3210 то 11.3400 сомонӣ;
1 евро аз 13.4018 то 13.5600 сомонӣ;
1 рубли русӣ аз 0.1548 то 0.1565 сомонӣ.
Бонки Миллӣ ҳушдор медиҳад, ки амалиёти асъорӣ берун аз филиалҳо, офисҳои марказҳои хидматрасонии бонкҳо, инчунин банкоматҳо ва терминалҳо манъ аст.
Риоя накардани ин талабот дар Тоҷикистон қонуншиканӣ ҳисобида мешавад,ки ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.