Амрико бо Толибон* дар мубориза бо ДИИШ ҳамкорӣ мекунад

Раиси ситоди артиши Амрико гуфтааст, ки дар умури мубориза бо ДИИШ* бо Толибон* кумак мекунанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 2 сен — Sputnik. Марк Милен, раиси ситоди артиши Иёлоти Муттаҳида дар посух ба суоле, ки оё Амрико бо Толибон* дар мубориза бо ДИИШ* кумак хоҳад кард, гуфт: “Ин имкон вуҷуд дорад”.
"Мо намедонем, ки дар оянда Толибонро чӣ интизор аст, аммо аз таҷрибаи худам метавонам бигӯям, ки ин гурӯҳ дар гузашта бераҳм буда аст ва инки онҳо тағир карданд, бояд дда шавад", - гуфт Марк Милен.
Ҳамзамон Милен дар мавриди таомули Амрико бо Толибон низ гуфт: "Дар як ҷанг ба манзур коҳиши хатар барои артиш ва кулли маъмурият, Шумо ончиро, ки бояд анҷом диҳед, анҷом медиҳед, на он чиро, ки дӯст доред".
Вазири дифоъ мегӯяд, ки Амрико бо Толибон дар як муддати хеле маҳдуд кор кардааст (ҳангоми тахлия).
ВАО: Иттиҳоди Аврупо ба Толибон силоҳ "тақдим кард"
"Ман ба коркарди нерӯҳоямон ифтихор мекунам, аммо пешгӯӣ кардан душвор аст, ки Толибон* чӣ гуна рафтор хоҳанд кард", - гуфт генерали амрикоӣ.
Вай таъкид кард, ки дар ҳоли ҳозир наметавонад пешбинӣ кунад, ки вазъият ва эҳтимоли таъомул ИМА бо Толибонро* пешбинӣ кард, аммо таъкид кард, ки Пентагон ба мубориза бо террористони ДИИШ тамаркуз хоҳад кард.
* - созмони террористӣ, ки фаъолияти он дар қаламрави Русия ва Тоҷикистон мамнӯъ аст