Мавҷи сеюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо

Маълум шуд дар Тоҷикистон чанд нафар алайҳи COVID - 19 ваксина гирифт

Вазорати тандурустии Тоҷикистон вазъи ваксинзанӣ дар кишварро шарҳ дод
Sputnik
ДУШАНБЕ, 2 сен — Sputnik. Дар Тоҷикистон 2 миллиону 97 ҳазору 435 нафар зидди бемории вируси корона ваксина гирифт, хабар медиҳад Вазорати тандурустии Тоҷикистон.
Бино ба гузориши ин ниҳод, маъракаи иммунизатсия дар Тоҷикистон дар сатҳи баланд ҷараён дорад.

"То шоми 31 август 2 миллиону 97 ҳазору 435 нафар шаҳрвандон ба ваксинатсияи зидди бемории коронавируси COVID-19 фаро гирифта шуданд", - омадааст дар хабарнома.

Ҳамчунин гуфта мешавад, ки вояи дуюми ваксинаро то рӯзи зикргардида беш аз 798 ҳазору 308 нафар шаҳрвандон гирифтаанд.
Калонтарин шифохонаи Суғд баъди ду моҳи қарантинаи COVID -19 ба реҷаи муқаррарӣ мегузарад
Вазорат аз ваксинзанӣ дар шаҳри Душанбе низ ёдовар шуда, мегӯяд, то кунун дар пойтахт нақшаи иммунизатсия 91,7% иҷро гардидааст.
Аз давраи хуруҷи бемории коронавируси COVID-19 то кунун ба Тоҷикистон 4 миллиону 760 ҳазору 740 воя ваксина ворид шудаааст.
Тибқи гузориши Вазортаи тандуруст, то 31 август 34,5% аҳолӣ ба ваксинатсия зидди бемории коронавирус фаро гирифта шуда, корҳои амалӣ дар ин самт бомаром идома доранд.
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Оқибатҳои ногувори COVID-19, ки метавонад то абад инсонро домангир бошад
Ёдрас мешавем, ки ваксинзанӣ алайҳи бемории вируси корона дар Тоҷикистон тибқи қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ, ки 3 июл ба нашр расид, барои шаҳрвандони аз 18-сола боло ҳатмӣ мебошад.
Раванди ваксинзанӣ дар Тоҷикистон бо вуруди аввалин бастаи “АстраЗенека” дар моҳи марти соли равон шуруъ шуда, “КоронаВак” моҳи май ва “Модерна” охири моҳи июл дар дастрасии марокизи ваксиназанӣ қарор гирифтанд.