Чаро сокинони Суғд аз фурудгоҳи Тошканд ба Русия мераванд? – шарҳи мусофирону билетфурӯшон

Дар назди гузаргоҳҳои сарҳадии Фотеҳободи (Ойбек) ноҳияи Мастчоҳ ва Патари шаҳри Конибодом таҷаммӯъи сокинони шаҳру навоҳии Суғд мушоҳида мешавад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 1 сен – Sputnik. Аз ҳузури сокинон дида мешавад, бисёриҳо дар даст шиноснома ва чиптаи ҳавопаймоӣ доранд ва тасмими рафтан ба Русияро доранд.
Муҳоҷирони тоҷик мегуянд, парвози ҳавопаймоии онҳо тавассути фурудгоҳи Тошканд сурат мегирад.
Камолиддин, ки худро сокини ноҳияи Ҷаббор Расулов муаррифӣ кард, дар назди гузаргоҳи наздимарзии Фотеҳобод (Ойбек)-и дар ноҳияи Масчоҳ суҳбат кардем.
Парвозҳои миёни Русия ва Тоҷикистон: хабарҳои охирин
Феҳристи нави парвозҳо миёни Тоҷикистону Русия нашр шуд
Ӯ гуфт, ҳамроҳ бо писарамакаш нияти рафтан ба муҳоҷирати корӣ ба шаҳри Маскави Русия доранд. Ин муҳоҷири тоҷик, сабаби аз шаҳри Тошканд ба Русия парвоз намуданашро шарҳ дод.

“Нархи билети парвоз ба Русия аз Тошканд арзон аст. Арзиши билети ҳавопаймои аз Хуҷанд ба Русия 5,5 ҳазор сомонӣ, аз тариқи Тошканд ба шаҳри Маскав ҳамагӣ 4 ҳазор сомонӣ. Мо аз хириди ду билет ду ҳазор сомонӣ фоида гирифтем. Нархи билет нисбат ба Хуҷанд арзонтар аст”, - гуфт Камолиддин.

Ба мисли ин ҳамсуҳбати мо, сокинон аз дигар шаҳру навоҳии Суғд низ иброз намуданд, ки барои рафтан ба Русия аз ширкатҳои ҳавонавардии Ӯзбекистон билет хариддорӣ кардаанд.
Дар ҳамин ҳол масъулони ширкатҳои фурӯши чиптаи ҳавопаймо дар Хуҷанд ҳам мегуянд, дафъаҳои охир шумори бештари мусофирони тоҷик хоҳиши аз фурудгоҳҳои Тошканд рафтан ба Русияро доранд.
Арзонаш 4125 сомонӣ: раиси Агентӣ нархи чиптаи парвоз ба Маскавро гуфт
Ширкатҳои билетфурӯшӣ дар Хуҷанд иброз менамоянд, ки арзон будани нархи сафар аз Тошканд ба Русия назар ба Хуҷанд бисёриҳоро водор намудааст, ки билети ҳавопаймои ӯзбекистониро хариддорӣ кунанд.
Як билетфурӯши ширкати ҳавонавардии “Сибир” дар вилояти Суғд дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон сабаби гарон будани қиммати чиптаи ҳавопаймоӣ дар шаҳрҳои Тоҷикистон дар муқоиса ба шаҳрҳои Ӯзбекистонро ба чанд омил вобаста донист.
Бино ба гуфти ӯ, яке аз чунин омилҳо баланд будани арзиши хизматрасонии фурудгоҳҳои Душанбеву Хуҷанд аст.

“Нархи хизматрасонии фурудгоҳҳо дар муқоиса ба кишварҳои ҳамсоя фарқ дорау ва ҳам гаронтар аст. Агар арзиши хизматрасонии як ҳавопаймо дар фурудгоҳи Хуҷанд ва Душанбе аз 12 то 14 ҳазор доллар бошад, дар Қирғизистон 8 ҳазор доллар ва ин нарх дар фурудгоҳҳои Ӯзбекистон то 9 - 10 ҳазор доллар аст”, - гуфт корманди ширкати “Сибир”.

Ин мусоҳиби мо ҳамчунин иброз намуд, ки қиммати сӯзишвории ҳавопаймо низ дар фурудгоҳҳои кишвар фарқ мекунад ва ин ҳама ба баланд будани нархи чиптаи сафар ба Русия бетаъсир намемонад.